ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ИҚБОЛИ МОДАРОН. Андешаҳои Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода

Июнь 26, 2020 16:16

ДУШАНБЕ. 26.06.2020. /АМИТ “Ховар”/. Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар ҳақиқат ҳам ҷашнест, ифодагари эҳсоси баланди миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватансозию ватандорӣ, беҳтарин дастовард дар таърихи миллат буда, бо шарофати он Тоҷикистон ҳамчун миллати соҳибтамаддуну давлатдор ва соҳибтоҷ эътироф гардидааст.

Воқеан, занон ҳамеша оромиву осудагӣ ва осоиштагӣ дар ҳар давру замон мебошад, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи пиндору гуфтору рафтори  нек, таҳаммулпазирӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намояд, ки ин ҳама хислатҳои асосии ташакулёбии ваҳдати миллиро ташкил медиҳад. Занон, ки сарчашмаи меҳранд, аз азал бештар ваҳдатхоҳу машъалафрӯзи дӯстӣ ва ҳамбастагӣ мебошанд.  

Дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани меъмори ваҳдат — Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки ӯ ҷони худро ба гарав монда, сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуд.

Дар таърихи навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун хотима бахши ҷанги шаҳрвандӣ, наҷотбахши миллату ватани аҷдодӣ, меъмори Ваҳдати миллӣ шинохта шудааст. Мардуми кишвар райъи якдилона ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои беназири ин марди фарзона дода, ӯро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат интихоб намуданд ва ин эътирофи умумӣ тавассути қонун қабул гардид.

Маҳз бо кӯшишҳои пайгиронаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гашта, мамлакат обод шуд ва имрӯз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ ва ваҳдату сулҳ падидор аст.

Сарвари давлати тоҷикон ваҳдати мардуми кишварро ба як ҳадафи меҳварии сиёсати хеш қарор додааст. Ин рисолати бузурги ваҳдат тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ борҳо исбот шудааст ва дар заминаи фарҳанги сулҳофаринаш таҳкиму густариш ёфтааст. Воқеан ваҳдат беҳтарин неъмату дастоварде мебошад, ки миллати тоҷик дар замони бархурдҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ихтилофҳои шадиди низомӣ ба даст овардааст. Имрӯз таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ рисолати шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар тоҷик ва тоҷикистонӣ мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ дар ҳаёти занони тоҷик низ таъсири амиқи худро гузоштааст. Баҳри фаъолияти занону духтарон дар ҷабҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони муосир ҳама шароитҳо фароҳам оварда шудааст.

Маҳз, бо дастгирии Пешвои миллат занону духтарони лаёқатманд ва ташаббускор  ба хизмати давлатӣ торафт бештар ҷалб гардида истодаанд. Аз шумораи  кариб 18517 нафар хизматчиёни давлатӣ 4407 нафар ё 23,8%-ро занон ташкил дода,аз ҷумла 1047 нафарё 18.5 фоизи онҳо имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд.

Имрӯз, маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ қариб 150 ҳазор духтарон машғули омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ мебошанд. Аз ибтидои таъсис додани квотаҳои президентӣ то соли хониши 2019-2020 зиёда аз 11000 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо истифода аз инимтиёз ба мактабҳои олӣ дохилшуда, беш аз 10 000 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардида, ҳоло дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ муваффақона фаъолият бурда истодаанд. Сафи духтарони соҳибмаърифати тоҷик, ки дар хориҷи мамлакат машғули таҳсил мебошанд, 12300 нафарро ташкил мекунанд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ бо максади рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзи ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ шурӯъ аз соли 2006 то имрӯз грантҳои  президентӣ таъсис дода шудааст. Ҳоло ҳар сол ба 80 нафар занону духтаронгранти Президентӣ ҷудо мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки аз соли 2006 то соли 2019 инҷониб ҳаҷми умумии маблағҳои грантӣ 18 млн. 300ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Имрӯз бонувони тоҷик дар корҳои давлатдорӣ ва сиёсат хеле ҳам фаъоланд. Онҳо дар мақоми қонунбарору иҷроия, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, вазорату массисаҳои давлатӣ вазифаҳои хеле масъулиятнокро ба уҳда доранд, ки ин ҳам нишонаи соҳиби иззату эҳтиром будани онҳо дар ҷомеа мебошад. Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд. Занон тавонистаанд дар шароити ваҳдату соҳибистиқлолӣ собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ, рисолати ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро низ метавонанд сарбаландона иҷро намоянд.

Воқеан, занон ҳамеша оромиву осудагӣ ва осоиштагӣ дар ҳар давру замон мебошад, онҳо кӯшиш мекунанд, ки фарзандонашонро дар рӯҳияи пиндору гуфтору рафтори  нек, таҳаммулпазирӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намояд, ки ин ҳама хислатҳои асосии ташакулёбии ваҳдати миллиро ташкил медиҳад. Занон, ки сарчашмаи меҳранд, аз азал бештар ваҳдатхоҳу машъалафрӯзи дӯстӣ ва ҳамбастагӣ мебошанд.

Барои Ваҳдате, ки тоҷикон аз ҷодаи хештаншиносӣ ба он расидаанд, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузаштҳои зиёд кардаанд. Маҳз бо ташаббуси ватандўстонаи ин марди наҷиб сатҳи зиндагии мардуми тоҷик боло рафт, бунёди иншоотҳои хурду бузург,  ободонии шаҳру деҳаҳо, корҳои ободонӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ дар сатҳи ниҳоят баланд ба роҳ монда шуданд. Гузоштани чандин пайкараҳои бузургони халқи тоҷик, таҷдиди биноҳои китобхонаи миллӣ, осорхонаҳои ҷумҳуриявии таъриху кишваршиносӣ, бунёди мақбараҳо, боғу чойхонаҳо, таъмиру бунёди шоҳроҳҳу нақбҳо ва сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани онҳо далели ин гуфтаҳост. Ҳоло замоне расидааст, ки барои ободонӣ ва шукуфоии кишвар ҳама сарҷамъона саҳм бигирем, нисбат ба ояндаи Ватан бетараф набошем.

Созишномаи умумии сулҳ ва ризояти миллӣ ба ҷаҳониён нишон дод, ки миллати бофарҳанг, ватандӯст, сулҳхоҳ ва сулҳпарвари тоҷик таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон якпорча шуд ва имрӯз эътимоди ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёдро сазовор гашт.

Имрӯз мо, занону модарон низ роҳи сулҳу субот ва созандагиро пешаи амалҳои дурбинонаву ояндасоз намуда, барои тақдири имрӯзу ояндаи миллати хеш ҳаргиз бетафовут нахоҳем буд. Ватани маҳбубамон–Тоҷикистони биҳиштосоро, ки хонаи умеди тоҷикони ҷаҳон аст, ҳаргиз ба дасти бегонаву хуруфотпарастон нахоҳем гузошт, баҳри пойдории Ваҳдати миллӣ талош хоҳем варзид.

 

Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА,
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2020 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Қонун меҳвари фаъолият, зиндагӣ ва мавҷудияти минбаъдаи сокинони мамлакат бошад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истифодаи барги тару тозаи қоқу кори узвҳои ҳозимаро тақвият мебахшад
ИФРОТГАРОӢ-ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ. Бояд ба тарбияи дурусти ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ИМРӮЗ- РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АДЛИЯ. Онҳо дар сафи пеши ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон, ҳимояи қонуният ва адолат қарор доранд
ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода