Вазорати корҳои дохилӣ: Сайди моҳӣ дар давраи тухмгузорӣ ҷавобгарӣ дорад

Июнь 3, 2020 10:37

ДУШАНБЕ, 03.06.2020. /АМИТ Ховар/.  Шуъбаи экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақа қонуншиканиро дар самти дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани он бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумор ба қайд гирифта, дар баробари тартиб додани якчанд санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 6 ҳолати ҷиноятӣ низ ошкор намуданд. Ин амал сабаби дар асоси моддаи 230-и Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандон гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

 Аз гумонбаршудаҳо, ки дар минтақаҳои гуногуни обанбори «Баҳри тоҷик»- ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Б.Ғафуров, Конибодом ва Ашт, дар мавзеъҳои тухмгузорӣ ба сайди ғайриқонунии моҳӣ машғул буданд навъҳои гуногуни моҳӣ ва тӯри моҳидорию заврақ мусодира шудааст.

Қонуншиканҳо сокинони шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Б.Ғафуров ва Ашт мебошанд, ки асосан дар мавзеи обанбори «Баҳри тоҷик» тӯр гузошта, кирдорҳои худро шабона содир менамуданд. Чунин ҳаракатҳои харобиовар ба захира ва афзоиши моҳӣ таъсири манфӣ расонда, саршумори онро ба нобудшавӣ мебарад.

Дар давраи тухмгузории моҳӣ сайд намудани ин намуд ҳайвоноти обиро бо мақсади пешгирӣ аз талафот ва камшавии саршумори он қонуни ҷиноятӣ ва ҳам маъмурии Тоҷикистон манъ намуда, риоя накардани чунин маҳдудият метавонад сабаби ҷавобгарӣ шавад.

Ёдовар мешавем, ки давраи тухмгузории моҳӣ аз 1 апрел фаро расида, то 15 июн идома меёбад.

Июнь 3, 2020 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1395 нафар занон беш аз 45 миллион сомонӣ грант ҷудо гардид
То 4 сентябр дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра Тоҷикистон ба дастовардҳои рушди устувор ноил гардид
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст