Волонтёрони ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ба кӯмаки сокинони Хуросон мераванд
ДУШАНБЕ, 20.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияи Хурсон ҳайати 40 нафараи волонтёрон ба ноҳияи мазкур сафар менамояд. Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ҳайати волонтёрони Ташкилот дар минтақаҳои сохтмонӣ барои анҷом додани корҳо кӯмак намуда, ҷиҳати ҳар чӣ тезтар анҷом додани сохтмони манзилҳои нав дар ноҳияи Хуросон ба зарардидагон мусоидат менамоянд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлӯи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки то ин лаҳза чандин маротиба аъзоёни бахши Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар вилояти Хатлон ба кӯмаки зарардидагони ноҳияи Хуросон омадаанд ва дар мушкилтарин рӯзҳо дар паҳлӯи сокинон қарор доштанд.
Акс аз бойгонӣ








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






