Волонтёрони ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» ба кӯмаки сокинони Хуросон мераванд

Июнь 20, 2020 10:01

ДУШАНБЕ, 20.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ташкилоти ҷамъиятии  «Пайравони Пешвои миллат» бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони офатҳои табии ноҳияи Хурсон ҳайати 40 нафараи волонтёрон ба ноҳияи мазкур сафар менамояд.  Дар ин бора аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳайати волонтёрони Ташкилот дар минтақаҳои сохтмонӣ  барои анҷом додани корҳо кӯмак намуда, ҷиҳати ҳар чӣ тезтар анҷом додани  сохтмони манзилҳои нав дар ноҳияи Хуросон ба зарардидагон мусоидат менамоянд.

Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар рӯзҳои мушкил дар паҳлӯи халқу миллат ва давлат буда, волонтёрони он ҳамчун пайравони асили Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми ҷабҳаҳо содиқона ва софдилона хизмат менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки то ин лаҳза чандин маротиба аъзоёни бахши Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар вилояти Хатлон ба кӯмаки зарардидагони ноҳияи Хуросон  омадаанд ва дар мушкилтарин рӯзҳо дар паҳлӯи сокинон қарор доштанд.

Акс аз бойгонӣ

Июнь 20, 2020 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши калидӣ дорад
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои пешрафти устувору бомароми мамлакат талош менамояд
Барои кормандони мақомоти молияи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология бо дастгоҳи лаборатории мобилии санҷиш ва таҳқиқи захираҳои об таъмин гардид
Дар Тоҷикистон 30 муассисаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
Дар Пекин вазъ ва дурнамои татбиқи санадҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Чин дар самти мақомоти иҷро баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо сохтмони манзилҳои зист барои оилаҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Тоҷикобод шинос шуд
Ҳамкории илмию таҳлилии Тоҷикистон ва Олмон густариш меёбад
Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид