178 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 50 млн сомонӣ хисорот ворид намуд -бардошт аз нишасти матбуотӣ
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни ба қайд гирифта шудани 178 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ гузориш дод, ки бар асари онҳо беш аз 50 миллион сомонӣ ба хоҷагии халқи мамлакат хисорот ворид гардидаанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ, зимни тавзеҳи фаъолияти Кумита ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои сабтшуда 17 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расондаанд.
Дар натиҷаи ҳодисаҳои табиии дар мамлакат рухдода 7 нафар сокини мамлакат — 2 нафар бар асари фаромадани тарма, 4 нафар бо омадани сел ва 1 нафар зимни ба амал омадани раъду барқ ба ҳалокат расидаанд.
Рустам Назарзода афзуд, ки дар натиҷаи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар ҷумҳурӣ 102 хонаи истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 18593,97 гектар замини кишт, 6 пул ва 24,73 км роҳи мошингард зарар дидаанд. Гуфта шуд, ки ба хонаводаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ёрӣ расонида шуд.








Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ вориди шаҳри Тошканд гардиданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






