178 ҳолати фавқулодаи табиӣ ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 50 млн сомонӣ хисорот ворид намуд -бардошт аз нишасти матбуотӣ

Июль 23, 2020 15:10

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон перомуни ба қайд гирифта шудани 178 ҳодисаи фавқулодаи табиӣ  дар шаш моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ гузориш дод, ки бар асари онҳо  беш аз 50 миллион сомонӣ ба хоҷагии халқи мамлакат хисорот ворид гардидаанд.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода имрӯз дар нишасти матбуотӣ, зимни  тавзеҳи фаъолияти Кумита ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод, ки аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои сабтшуда 17 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расондаанд.

Дар натиҷаи ҳодисаҳои табиии дар мамлакат рухдода  7 нафар  сокини мамлакат — 2 нафар бар асари фаромадани тарма, 4 нафар бо омадани сел  ва 1 нафар зимни ба амал омадани раъду барқ  ба ҳалокат расидаанд.

Рустам Назарзода афзуд, ки дар натиҷаи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар ҷумҳурӣ 102 хонаи истиқоматӣ (41 хона пурра), 22 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва томактабӣ, 18593,97 гектар замини кишт, 6 пул ва 24,73 км роҳи мошингард зарар дидаанд. Гуфта шуд, ки ба хонаводаҳои аз офатҳои табиӣ зарардида дар шакли масолеҳи сохтмонӣ, маводи ғизоӣ, бастаҳои беҳдоштӣ ва хоҷагӣ ёрӣ расонида шуд.

Июль 23, 2020 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши сусти борон ба амал меояд
Дар Хоруғ ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ дар мавзуи «Пешвоёни сиёсӣ ва таъсири онҳо дар ҳифзи сулҳ» конференсия доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Ширкати «Благо Труд» ба мутахассисон аз Тоҷикистон ниёз дорад
Мактабҳои Тоҷикистон соли 2025 дар низоми арзёбии байналмилалии PISA иштирок менамоянд
Дар Душанбе мубориза ба муқобили ҳашароти занбуруғӣ пурзӯр мегардад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Файзобод оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода машқи зернизомӣ гузаронида шуд
РӮЗИ ДАРҲОИ КУШОД. Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хонандагонро ба машғулияти гуногун фаро мегирад
Шарҳи матбуоти даврӣ аз АМИТ «Ховар»