261 шаҳрванди Тоҷикистон аз Қазоқистон ба Ватан оварда шуданд

Июль 30, 2020 15:40

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл дар партави дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 261 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргардонида шуданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, бо нақлиёти автомобилӣ ба Ватан интиқол дода шуданд.

Бояд гуфт, ки аз 16 марти соли 2020 бинобар эълон гардидани вазъияти фавқулода дар Қазоқистон ва ҷорӣ шудани чораҳои маҳдудкунанда дар Ӯзбекистон бар асари ҳамагирии COVID-19 барои ворид шудан ба хоки ин ду кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.

АКС аз бойгонӣ/Акси IOM

Июль 30, 2020 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард