54 нафар занону духтарони болаёқат соҳиби шаҳодатномаҳои курси «Зан-сарвар» шуданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 нафар занону духтарони болаёқат аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон соҳиби шаҳодатномаҳои курси «Зан-сарвар» шуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи мазкур иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Германия дар Осиёи Марказӣ (тариқи онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.
Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатиро таҳти унвони «Зан–сарвар», шурӯъ аз моҳи июли соли 2019 то апрели соли 2020 дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар се давра доир намуд.
Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомоти маҳалӣ фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.
Ҳадаф аз баргузории курс — ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Инчунин барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша рӯзҳои наздик курси мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ташкил шуда, бонувони лаёқатманди ин минтақаҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.








Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд






