54 нафар занону духтарони болаёқат соҳиби шаҳодатномаҳои курси «Зан-сарвар» шуданд

Июль 23, 2020 14:00

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 54 нафар занону духтарони болаёқат аз вилоятҳои Суғд ва Хатлон соҳиби шаҳодатномаҳои курси «Зан-сарвар» шуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Академияи  мазкур  иттилоъ доданд.

Дар ҷамъомад намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Суғду Хатлон ва намояндаи Бунёди Ҳаннс Зайдели Германия дар Осиёи Марказӣ (тариқи онлайн) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федеративии Германия курси омӯзиши дуалӣ барои тайёр кардани ҳайати бонувони роҳбарикунанда аз ҳисоби хизматчиёни давлатиро таҳти унвони «Зан–сарвар», шурӯъ аз моҳи июли соли 2019 то апрели соли 2020 дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар се давра доир намуд.

Ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки курси мазкур дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳандозӣ гардида, ба он занону духтароне, ки дар мақомоти маҳалӣ фаъолият доранд, ҷалб карда шудаанд. Бо мақсади таъмини иштироки ҳарчи бештари занон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ва ҷалби онҳо ба идоракунии давлатӣ мақомоти қонунгузори мамлакат то ба имрӯз як зумра санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ қабул намудааст, ки онҳо барои баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар бунёди ҷомеаи демократӣ нақши муҳим мебозанд.

Ҳадаф аз баргузории курс — ин мусоидат барои аз худ намудани дониш ва тарзу усулҳои роҳбарии занон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Инчунин  барои дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» тадбирҳои судманд роҳандозӣ гардида  истодаанд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи нақша рӯзҳои наздик курси мазкур дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ низ ташкил шуда, бонувони лаёқатманди ин минтақаҳо ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

 

Июль 23, 2020 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст