Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳ беш аз 100 миллион сомониро ташкил дод
РӮДАКӢ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳияи Рӯдакӣ дар 6 моҳи сипаригардида 101 миллиону 784,9 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 40,4 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи маъдан 2,9 фоиз, саноати коркард 64,5, тақсими қувваи барқ, газ ва об 32,6 фоизро ташкил медиҳад. Ин нуктаро зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода баён кард.
Ба муносибати ҷашни миллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ корҳои созандагию бунёдии зиёде анҷом дода шуданд. Аз 414 иншооти ба нақша гирифташуда ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 262 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Рустам Акрамзода гуфт, ки аз 262 иншоот 42 иншоот бо 5 ҳазор ҷойи нави нишаст дар соҳаи маориф, 23 иншооти соҳаи тандурустӣ, 16 адад иншооти варзишӣ, 38 адад сартарошхонаҳо, 4 адад кошонаи ҳусн, 13 адад хатти оби нӯшокӣ, 52 адад марказҳои савдо, 2 адад коргоҳи дӯзандагӣ, 11 ҳолати таъмиру мумфаршкунии роҳҳо, 6 адад биноҳои баландошёна, 2 фермаи парвариши мол ва паранда, 11 адад коргоҳҳои истеҳсолӣ, 3 адад марказҳои забономӯзӣ, 1 адад растаи ҳунармандон ва 19 адад иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба истифода дода шудаанд.








Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон дар Шаҳринав ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Дар Минск ҳамкории мақомоти дахлдори Тоҷикистон ва Русия дар самти муқовимат ба коррупсия баррасӣ шуд
Парвозҳои ҳавоӣ байни Душанбе ва Давҳа барқарор мегарданд
Дар Душанбе Конфронси панҷуми байналмилалии роҳдории Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ






