ҶАҲОНРО ХУРРАМӢ АЗ ДЕҲҚОН АСТ. Кишоварзони Ҳисор беш аз 1,5 ҳазор тонна картошка ва 10,6 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 15.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Маҷмуи маҳсулоти дохилии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 104,8 фоиз афзоиш ёфта, ин нишондиҳанда дар истеҳсол ва коркарди маҳсулоти саноатӣ 106,3 фоиз, кишоварзӣ 101,5 фоиз, сармоягузорӣ 147,9 фоиз, гардиши савдои чакана 104,2 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 104,8 фоиз таъмин гаштааст, гуфт муовини раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар шаш моҳаи якуми соли 2020.
Дар ин давра маҷмуи маҳсулоти кишоварзии шаҳр ба 243 миллиону 634 ҳазор сомонӣ баробар гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3 миллиону 560 ҳазор сомонӣ зиёд шуда, 101,5 фоизро ташкил менамояд.
Таносуби афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар бахши аҳолӣ андозаи 1,2 фоиз коҳиш ёфта, дар бахши ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ 5,2 фоиз зиёд гаштааст, ки сабаби асосии зиёд гардидани ҳаҷми маҳсулот дар бахши ҷамъиятию деҳқонӣ ин рушди соҳаи паррандапарварӣ ва зиёд гаштани истеҳсоли сабзавот ва ғалладонагиҳо ба шумор меравад.
Кишоварзони шаҳри Ҳисор то ин давра аз майдони 5 ҳазору 166 гектар кишти ғалла, 4 ҳазору 659 гектарашро ҷамъоварӣ намуданд, ки аз он ба миқдори 9 ҳазору 155 тонна ҳосил ба даст оварданд. Инчунин ҷамъоварии картошка ва пиёз дар арафаи анҷомёбӣ қарор дошта, то имрӯз 84 гектар картошка ва 281 гектар пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки аз ин майдонҳо ба миқдори 1 ҳазору 589 тонна картошка ва 10 ҳазору 655 тонна пиёз ҷамъоварӣ карда шуд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 ҳазору 944 тонна пиёз зиёд гардида, истеҳсоли картошка 4 ҳазору 452 тонна кам шудааст. Ҳосилнокӣ низ аз ҳар як гектар 188 сентнерӣ картошка ва 380 сентнерӣ пиёз ба даст оварда шуда, нисбат ба соли гузашта ҳосилнокии картошка 17 сентнер кам гардида ҳосилнокии пиёз 21 сентнер зиёд мебошад.
Тибқи иттилои масъулини соҳа, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ вобаста ба рушди соҳаи растанипарварӣ ба миқдори 13 ҳазору 193 тонна ғалладона, 250 тонна зағер, 6 ҳазору 614 тонна картошка, 18 ҳазору 712 тонна сабзавот, 3 ҳазору 591 тонна мева ва 30 тонна ангур истеҳсол гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 520 тонна ғалладона, 250 тонна зироатҳои равғандеҳ, 773 тонна сабзавот ва 30 тонна ангур зиёд истеҳсол гардидааст.
Дар шаш моҳи соли 2020 дар баробари таъминоти бозори истеъмолии шаҳр бо маҳсулотҳои истеҳсоли худӣ тибқи маълумоти Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳри Ҳисор ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи мамлакат 4 ҳазору 269 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки аз ин шумора 3 ҳазору 818 тонна ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.








Бахшида ба 35-солагии Истиқлолити давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд
Бахшида ба Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир гардид
Бонки миллии Тоҷикистон ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравиро ба фурӯш баровард
Душанбе мизбони Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ — «AI ALLEY» мегардад
Аз шаҳри Турсунзода ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 70 ҳазор тонна маҳсулот содирот гардид
Ниҳодҳои олии аудити Тоҷикистон ва Чин ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар даҳ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ беш аз 3 баробар зиёд гардидааст
Мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Зафаробод оғоз гардид






