ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Хуросон сохтмони фабрикаи парандапарварӣ ва дар Ёвон фермаи чорвои калони гӯштӣ босуръат идома дорад
ДУШАНБЕ, 08.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Хуросон аз тарафи соҳибкор Фахриддин Ҷӯраев фермаи парандапарварӣ сохта ба истифода дода мешавад. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо мақсади шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ ба ноҳияҳои Хуросону Ёвон сафар намуда, аз иншооти ҷашнӣ дидан намуд.
«Арзиши умумии фабрикаи парандапарварӣ дар деҳаи Меҳнатобод зиёда аз 592 ҳазору 500 сомониро ташкил дода, то ин муддат наздики 85 фоиз корҳо ба анҷом расонида шудааст. Масъулини ферма нақша дорад, ки дар марҳилаи аввал бо фарогирии зиёда аз 20 ҳазор ва дар оянда ба 60 ҳазор сар мурғи хушзоти тухмию гӯштиро парвариш намоянд», — афзуд манбаъ.
Раиси вилоят дар ноҳияи Хуросон ҳамчунин бо корҳои сохтмонӣ дар фермаи бузпарварӣ, ки дар деҳоти Ҳилолӣ аз тарафи ҶДММ «Саодат» бунёд гардида истодааст, шинос шуд.
Масъулини ин фермаи чорвопарварӣ иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии он 2000 метри мураббаъро дар бар гирифта, барои 1000 сар бузҳои ширдеҳ пешбинӣ гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки дар ноҳия сохтмони биноҳои маъмурии Ҷамоати деҳоти «Фахробод», шуъбаи маориф ва Маркази ҷавонон ҷараён доранд.

Бунёди гулгашт ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ноҳияи мазкур яке аз иншооти асосии ҷашнӣ маҳсуб мешавад. Айни замон 50 фоизи корҳо дар ин минтақаи сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, то моҳи сентябри соли равон иншооти мазкур мавриди истифода қарор мегиранд.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳаичунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар фермаи чорвои калони гӯштии ҶДММ «Мармарӣ» дар Ҷамоати деҳоти «Обшорон»-и ноҳияи Ёвон дидан намуд.
Тибқи иттилои масъулин, фермаи мазкур барои нигоҳдории 3000 сар чорво пешбинӣ гардида, ба маблағи 8.5 млн доллари ИМА аз ҷониби ҶДММ «Мармарӣ» бунёд гардида истодааст. Барои пешбурди кори соҳа бо 752,52 гектар замин таъмин гардидааст.
Масоҳати умумии сохтмони ферма 16 гектарро ташкил дода, дар навбати аввал бунёди бинои нигоҳдории чорво барои нигоҳдории 1000 сар пешбинӣ шудааст. Бо бунёд ёфтани иншооти мазкур зиёда аз 100 ҷойи корӣ муҳайё мегардад.
Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт.
Бо гуфтаи масъулин, то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри касбӣ фаъолият мекунанд, ки бо мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






