ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Вахш Коллеҷи тиббӣ ва Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд

Июль 22, 2020 10:20

ДУШАНБЕ, 22.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ноҳияи Вахш Майдони парчам, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Маркази хизматрасонии тиббӣ, Маҷмааи фарҳангии «Офтобак», Коллеҷи тиббӣ, Беморхонаи клиникии «Ибни Сино» ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни сохтмони иншооти мазкур аз гармхонаҳои гулпарварии ноҳия дидан намуда, ба фаъолияти хубашон баҳои баланд дод. Бунёди мағозаи гулфурӯшӣ низ иқдоми бамаврид арзёбӣ гардид.

Қурбон Ҳакимзода аз маркази савдои навсохти «Баҳор» дар маркази ноҳия дидан намуда, ба масъулин супориш дод, ки дар ороиши толор аз нақшу нигори миллию таърихӣ ва гулдӯзиҳо истифода кунанд.

Зимни боздид аз сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки таълимгоҳ аз тарафи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон барои 480 хонанда дар ду баст сохта шуда, аз 10 синфхона иборат аст. Ҳамзамон дар ҳамин мактаб аз тарафи соҳибкорон ва волидайн 6 синфхонаи иловагӣ сохта шуда истодааст.

Бояд тазаккур дод, ки саҳми ноҳияҳои водии Вахш дар самти рушди истеҳсолоти саноативу кишоварзӣ, махсусан, коркарди маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии замин, рушди сайёҳӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ назаррас аст.

Ҳамчунин бо дарназардошти мавҷудияти гузаргоҳи байналмилалӣ ва бозори наздисарҳадӣ дар ноҳияи Ҷайҳун мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, ноҳияи Ҷайҳун, ҳамаи ноҳияҳои водии Вахш ва дигар мақомоти дахлдори давлатиро зарур аст, ки дар самти ташкили иншооти сайёҳӣ, махсусан бунёди меҳмонхонаҳо ва ҳамзамон бо ин, таъсиси инфрасохтори ҳамлу нақл ва дигар иншооти ба рушди сайёҳӣ ва хизматрасонӣ мусоидаткунанда тадбирҳои мушаххас андешанд.

То имрӯз дар ҳудуди ноҳия 10 корхонаи саноатӣ дар самтҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, хӯрокворӣ, дӯзандагӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ фаъолият менамоянд.

Июль 22, 2020 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд