ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Роҳравҳои маркази шаҳри Турсунзода таъмиру чароғон мегарданд
ТУРСУНЗОДА, 16.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созандагиву ободонӣ босуръат идома доранд.Аз ҷумла, роҳравҳои атрофи шаҳр ба куллӣ таъмир гардида, бо тахтасанг рӯпӯш карда мешаванд. Инчунин тибқи нақша масофаи умумии роҳравҳои шаҳр, ки беш аз 6 км-ро дар бар гирифта, кӯчаҳои маркази шаҳрро ба ҳам пайваст мекунад, пурра чароғон мегарданд.
Тавре котиби матбуотии раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, айни замон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ дар маркази шаҳр ба таъмири пурраи роҳравҳои шаҳр оғоз намуд.
Ҳамчунин корҳои сохтмонӣ дар роҳи пиёдагарди кӯчаи 15-солагии Истиқлолият оғоз гардида, баъд аз тахту ҳамвор намудани он ва таъмири ҷӯйборҳо беш аз 100 м2-и шафати роҳи нақлиётгард бо тахтасанг пӯшонида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 310 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст.








Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






