Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ: 3,39 млн. сомонӣ маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ рӯёнида шуд

Июль 21, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон қарзҳои кредиторӣ барои хизмати обрасонӣ 348,89 млн. сомонӣ, аз ҷумла қарзи Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 22,85 млн сомонӣ, қарзи музди меҳнат 3,1 млн.сомонӣ ва қарзи ҳамаи намуди андозҳо 11,0 млн.сомониро ташкил менамояд. Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратура ба маблағи 20,67 млн. сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин 3,39 млн. сомонӣ рӯёнида шуд ва боқимонда 17,27 млн. сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмурод Раҳмон иброз намуд.

Мавсуф гуфт, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон сохторҳои дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ будаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 61 038 истифодабарандаи об  дар 547 227   гектар замини корами обӣ шартномаи доду гирифти об ба имзо расонид. Ба онҳо дар ҳаҷми 1805,4 млн.метри мукааб  бо арзиши 34,75 млн. сомонӣ об расониданд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта 138,0 млн.метри мукааб об ва 30,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зикр гардид, ки ба ҳисоби миёна дар ҷумҳурӣ ба ҳар гектар замини обӣ 3,3 ҳазор метри мукааб об расонида  шудааст.

«Бо вуҷуди он, ки идораҳои беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  уҳдадориҳои шартномавии худро ҷиҳати бо оби обёрӣ таъмин намудани истифодабарандагони об иҷро карда бошанд ҳам, аз ҷониби истифодабарандагони об ҳамагӣ ба маблағи  25,65 млн. сомонӣ ё ин ки 75 фоизи арзиши оби додашуда ҳаққи хизмати обрасонӣ пардохт карда шудаасту халос», — гуфт Холмурод Раҳмон.

Мавсуф инчунин иброз намуд, ки бақияи қарзи соли равон  аз ин ҳисоб 5,0 млн.сомонӣ ва бо назардошти солҳои пешин 140,3 млн. сомониро ташкил  менамояд. Бинобар пурра ва сари вақт пардохт накардани маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ аз ҷониби обистифодабарандагони  қарзҳои дебиторӣ 6,2 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, 173,19 млн.сомониро ташкил менамояд, ки дар навбати худ сабаби афзоиш ёфтани қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла  қарзҳои суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо гардидааст.

 

Июль 21, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд