Агентии обуҳавошиносӣ: 25-28 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25-28 июли соли равон бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани анбӯҳи ҳавои гарму хушки эронӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Туркманистон эҳтимоли баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ҷумҳурӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯзҳо дар ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳаво то 40+42, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 42+44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30+35 дараҷа гармӣ дар назар дошта шудааст.
Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Ғунд, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Инчунин 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.








Дар доираи «Барномаи омодасозии мутахассисон аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисодиёт» беш аз 41 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардид
Дар Вазорати адлияи Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар шаш муассисаи тиббии шаҳри Душанбе барномаи рақамии «eTib» фаъол гардид
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси Вена оид ба муҳоҷират иштирок намуд
Дар Душанбе бахшида ба татбиқи Ёддошти тафоҳум дар соҳаи тандурустӣ байни Тоҷикистон ва Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Барномаи ҳамкорӣ байни Хадамоти иҷрои Тоҷикистон ва Бюрои иҷрои маҷбурии Узбекистон ба имзо расид
Конгресси байналмилалии «Инсон ва дору» баргузор гардид
Пешгирии бемориҳои сироятӣ масъулияти ҳар шаҳрванд аст
Дар Пекин масъалаҳои рушди қонунгузорӣ ва таҷрибаи муосири давлатдорӣ баррасӣ гардиданд
Дар Москва ҷаласаи 11-уми Алянси Авруосиёии омбудсменҳо баргузор гардид
Бахшида ба Рӯзи Президент дар вилояти Суғд роҳпаймоии идона баргузор шуд
Ҳамкории ҳуқуқии Тоҷикистону Чин дар Пекин баррасӣ гардид






