Агентии обуҳавошиносӣ: 25-28 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар аст

Июль 24, 2020 15:45

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 25-28 июли соли равон бо сабаби ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани анбӯҳи ҳавои гарму хушки эронӣ тавассути қаламрави Ҷумҳурии Туркманистон эҳтимоли баландшавии ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар ҷумҳурӣ  дар назар дошта шудааст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар ин рӯзҳо дар  ноҳияҳои шимолӣ ва марказӣ ҳаво то 40+42, дар ноҳияҳои ҷанубӣ то 42+44 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ то 30+35 дараҷа  гармӣ дар назар дошта шудааст.

Бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар дарёҳои Панҷ, Ғунд, Зарафшон ва Вахш баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.

Инчунин 25-28 июл дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба вуҷуд омадани боронҳои сел аз эҳтимол дур нест.

Июль 24, 2020 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад