«Ҷашни Сада», «Кашидадӯзӣ», «Рубоб» ва «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардиданд

Июль 24, 2020 11:00

 ДУШАНБЕ, 24.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли равон аз ҷониби олимони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот бо ҳамкории Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО маҷмӯи ҳуҷҷатҳои номинатсияҳои «Рубоб» ҳамроҳ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, «Ҷашни Сада» бо Эрон, «Кашидадӯзӣ» якҷоя бо Ӯзбекистон ва Қазоқистон,  ва «Латифаҳои Насриддин Афандӣ» ҳамроҳ бо Туркия, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон омода гашта, ба ЮНЕСКО фиристода шуданд.

Дар ин бора имрӯз Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Вобаста ба номинатсияи миллии «Фалак», ки қаблан ба Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пешниҳод гардида буд, аз ҷониби комисияи  мазкур иттилоъ доданд, ки парвандаи «Фалак» тибқи банди 54-и дастурамали амалиёти Конвенсияи мазкур арзёбӣ шуда, аз нигоҳи техникӣ комил ба шумор меравад. Дар марҳилаи ғайринавбатии номинатсия он аз ҷониби мақомоти Комиссияи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО мавриди омӯзиш қарор гирифта, баъдан ба кумитаи байниҳукуматии созмон барои баррасӣ дар Иҷлосияи 16-уми он дар соли 2021  пешниҳод мегардад»,- афзуд вазир.

Зулфия Давлатзода  дар нишаст зикр намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2021-2025» омода гардида, баъди мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Инчунин дар доираи лоиҳаи «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик» барои солҳои 2021 – 2025 лоиҳаи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» таҳия гардид.

«Вобаста ба пешгирии қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, инчунин оид ба андешидани тадбирҳо барои саҳм гузоштан дар ҳифзу таҳкими сулҳу суботи мамлакат, кормандони вазорат дар якҷоягӣ бо кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 ташхиси соҳавиро ба анҷом расониданд, ки 9 адад мансуб ба қочоқи сарватҳои таърихию фарҳангӣ, тарғиб ва паҳн намудани маводи номатлуб дар ҷомеа мебошад»,- иброз дошт Зулфия Давлатзода .

Дар нишаст зикр гардид, ки паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ба соҳаи фарҳангу ҳунар низ бетаъсир намонд. Вобаста ба ин Вазорати фарҳанг ва муассисаҳои зерсохтори он бо дарки амиқи хатарзои будани ин вабо пайваста дар паҳлӯи мардум буда, ба сабру таҳаммул ва эҳсоси рӯҳбаландӣ ба фардои нек даъват намуда, тақрибан 70 ҳазор сомонӣ ба фонди мубориза бо бемории COVID-19 гузарониданд.

Инчунин дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии «ТВ Сафина» дар давраи пандемия саҳнаҳои театришударо сабт намуда, пешкаши тамошобинон гардониданд.

Июль 24, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид