Ба дунболи Канада ва Россия Тоҷикистон наворбардории филмро дар бораи пандемияи коронавирус ба нақша гирифтааст

Июль 24, 2020 10:34

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ба наздикӣ озмуни таҳияи сенарияи беҳтарин оид ба пандемияи коронавируси COVID-19 эълон мешавад. Дар ин бора дирӯз, 23 июл, директори Киностудияи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён изҳор дошт.

«Мо барои таҳияи филм зери унвони кории COVID-19 озмун эълон мекунем ва пас аз интихоби сенарияи беҳтарин фавран ба наворбардории филм шурӯъ мекунем», — гуфт М.Шоҳиён.

Дар ташреҳи ин тасмим мавсуф илова намуд, ки киностудия «кӯшиш мекунад, ки ин лаҳзаҳои фоҷиабори ҳаётро сабт кунад, филме таҳия кунад, ки ҳолати кунунии густариши беморӣ ва вазъиятро инъикос кунад, зеро ҳама медонанд, ки чӣ гуна коронавирус иқтисодиёти ҳама кишварҳоро фалаҷ намудааст”.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан хабар дода буд, чанде пештар коргардони канадагии эронитабор Мустафо Кишварӣ нахустин филми бадеиро оид ба коронавирус зери унвони «Корона» ба навор гирифта буд. Ҳаводиси муҳит Кишвариро чунон мутаассир намуданд, ки худи ӯ ҳам сенария навишт, ҳам филмро наворбардорӣ, танзим ва коргардонӣ намуд.

«Корона» триллери равонӣ мебошад,  даҳшат, залолат ва равандҳои вобаста ба зуҳури эпидемияро дар ҷомеа инъикос менамояд. Шаш ҳамсоя ва як шахси ношинос дар лифт банд мемонанд: ҷуфти сафедпӯст, як мусалмони олимақоми африқоӣ — амрикоинажод, байкери миллатгаро, ки дар пешониаш салиб холкӯбӣ шудааст, духтари эҳтимолан ҳиндутабор, ҷавони мушобеҳ ба яҳудиҳо ва як зани чинӣ. Ҳодисаҳои филм дар ҳамин рӯзҳо, вақте ки COVID-19 дар ҷаҳон туғён мекунад, сурат мегиранд. Замоне ки зани осиёӣ дар дохили лифт сулфа мекунад, ҳараҷу мараҷ ва кашмакаш шурӯъ мешавад, тақрибан ба мисли филми «Пила».

«Вирус одамонро аз рӯи нажоди онҳо интихоб намекунад, пас чаро мо бояд як миллатро нисбат ба миллати дигар бадтар ҳисоб кунем? — мепурсад Кишварӣ. Дар филм масъалаҳои тарсу ҳарос ва ахлоқӣ тасвир шудаанд. Имрӯз мо ҳама дар ин лифт банд мондаем».

Илова бар ин киностудияи ба номи М. Горкий эълон намудааст, ки наворгирии филми ҳуҷҷатии телевизионии силсилавиро бо номи «ВиРус» шурӯъ менамояд. Қаҳрамонони он пандемияи  ҷаҳонӣ ва касоне, ки бо он муқовимат мекунанд, хоҳанд буд, — дар ин хусус моҳи марти соли равон ТАСС хабар дода буд. Филм дар асоси ёддоштҳо ва навиштаҷоти рӯзмарраи шахсоне, ки худро ихтиёран карантин кардаанд, таҳия мешавад.

Коргардони филм Алексей Кобилков бар ин назар аст, ки танҳо тавассути таассурот ва эҳсосоти шахсӣ лаҳзаи таърихиро сабт намудан мумкин аст, чунки инсоният бо чунин бемории рӯҳии ҳамагонӣ  қаблан мувоҷеҳ нашуда буд. Дунё қаблан барои ҷаҳонишавӣ талош мекард, ҳоло барои инзивои миллӣ. Марзҳо баста мешаванд, иртиботи ҳавоӣ қатъ мешавад ва танҳо Интернет ягона воситаи алоқа боқӣ мемонад …

 

 ДАР АКС: лаҳзае аз филми «Корона»

Июль 24, 2020 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид