Беш аз 640 шаҳрванди Тоҷикистон аз Россия ба Ватан оварда шуданд

Июль 1, 2020 08:34

ДУШАНБЕ, 01.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 то 30 июн 642 шаҳрванди Тоҷикистон аз шаҳрҳои Россия ба Ватан оварда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, бо парвозҳои махсуси ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» 25 июни соли ҷорӣ 230 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Москва, 26 июн 228 шаҳрванди мамлакат аз Қазон ва 30 июн 184 шаҳрванди кишварамон аз Новосибирск ба Ватан баргаштанд.

«Бо парвозҳои мазкур пеш аз ҳама занону кӯдакон ва беморон, ки бино ба қатъ гардидани парвозҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Россия  дармонда буданд, оварда шуданд»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Июль 1, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд