Билол Иброҳим: ба 3006 нафар ниёзмандон ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи иди саиди Фитр ба 817 нафар камбизоатон, ятимони кулл ва маъюбони ноҳияи Шоҳмансур (гурӯҳҳои 1 ва 2) кумаки ғизоӣ расонида шуд. Соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша ба 3006 нафар камбизоату барҷомондагон, ки ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд, ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расониданд. Бояд гуфт, ки шахсони эҳтиёҷманд пайваста зери дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Ин нуктаро раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Дар мавриди ба кор қабул намудани шаҳрвандон дар давраи пандемия мавсуф зикр кард, ки дар нимсолаи аввал дар ноҳияи мазкур 1318 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 713 нафари онҳоро занон ва 630 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ин муддат 846 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд, ки 447 нафарашон занон ва 470 нафар ҷавонон мебошанд. Ҳамчунин 298 нафар бекорон ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ 165 800 нафар зиндагонӣ доранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






