Билол Иброҳим: ба 3006 нафар ниёзмандон ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд

Июль 21, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 21.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар давраи пандемияи COVID-19 аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи иди саиди  Фитр ба 817 нафар камбизоатон, ятимони кулл ва маъюбони ноҳияи Шоҳмансур (гурӯҳҳои 1 ва 2) кумаки ғизоӣ расонида шуд. Соҳибкорону тоҷирон ва шахсони саховатпеша ба 3006 нафар камбизоату барҷомондагон, ки ба кумаку дастгирӣ ниёз доранд, ба маблағи 601 ҳазор сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расониданд. Бояд гуфт, ки шахсони эҳтиёҷманд пайваста зери дастгирии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд.

Ин нуктаро раиси ноҳияи Шоҳмансур Билол Иброҳим имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.

Дар мавриди ба кор қабул намудани шаҳрвандон дар давраи пандемия мавсуф зикр кард, ки дар нимсолаи аввал дар ноҳияи мазкур  1318 нафар бекорон ба қайд гирифта шудаанд, ки 713 нафари онҳоро занон ва 630 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд.  Дар ин муддат 846 нафар бекорон бо кор таъмин шуданд, ки 447 нафарашон занон ва 470 нафар ҷавонон мебошанд. Ҳамчунин 298 нафар бекорон ба омӯзиши касбӣ  фаро гирифта шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия аз рӯи нишондиҳандаҳои оморӣ 165 800 нафар зиндагонӣ доранд.

Июль 21, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода шинос шуд
Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
Филми «Дар талоши ҳақиқат» дар Синамоҷашнвораи байналмилаии давлатҳои аъзои СҲШ бо ҷойзаи махсус қадрдонӣ шуд
Дар Техас шумораи ҳалокшудагон бар асари обхезӣ ба 80 нафар расид
Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
«САМУРАЕ, КИ ШАМШЕР НАДОРАД». Асари нависандаи ҷопонӣ тарҷума ва нашр гардид
Имсол дар Тоҷикистон дар беш аз 186 ҳазор гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронида мешавад
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст
Дар «Ҳамсафар» 300 нафар хонандагон ба истироҳат ҷалб гардиданд