Бонки миллии Тоҷикистон: меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуд

Июль 28, 2020 13:35

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуд. Дар ин хусус Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар ҷаласаи навбатии Кумитаи  сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади андешидани тадбирҳои саривақтӣ бинобар таъсири пандемияи COVID-19 ва бо назардошти нисбатан муътадил гардидани интизориҳои таваррумӣ дар ҷаҳон ва дар дохили ҷумҳурӣ, инчунин ҷиҳати дастгирии бахши воқеии иқтисодиёти мамлакат меъёри бозтамвил ҳамчун инъикоскунандаи мавқеи сиёсати пулию қарзӣ 1,0 банди фоизӣ паст карда шуд.

Сатҳи таваррум ва омилҳои таъсиррасон

Тибқи маълумоти оморӣ, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи июни соли ҷорӣ ба 8,4 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,3 банди фоизӣ кам мебошад. Болоравии нисбии сатҳи нархҳо асосан дар моҳҳои март-апрели соли равон ба андозаи 3,8 фоиз ба амал омад, ки ба раванди мазкур бештар афзоиши нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, аз ҷумла орд, биринҷ, шакар, равғани пахта, картошка, пиёз ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ таъсир расониданд. Аз моҳи майи соли ҷорӣ сатҳи нархҳо нисбатан муътадил гардида, дар моҳи июн коҳиши сатҳи таваррум ба андозаи 1,1 фоиз ба қайд гирифта шуд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби аз доираи дурнамои муқарраршуда 6 фоиз баромадани сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби омилҳои таклифотӣ, пеш аз ҳама, авҷ гирифтани пандемияи COVID-19, ки дар натиҷа ба кам гардидани пешниҳоди баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, маҳдуд шудани тиҷорати байналхалқӣ, паст будани сатҳи рақобатнокӣ дар бозорҳои дохилӣ, инчунин таъсири омилҳои мавсимӣ замина гузошт, арзёбӣ мегардад.

Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, дар натиҷаи чораҳои сари вақт андешидаи Бонки миллии Тоҷикистон, аз қабили гузаронидани амалиёти монетарӣ ва мудохилаҳои асъорӣ, фишорҳои таваррумӣ то андозае коҳиш ёфтаанд.

Давоми шаш моҳи соли 2020 ҷиҳати танзими ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо ва коҳиш додани фишорҳои қурбӣ-таваррумӣ амонатҳои шабонарӯзӣ дар ҳаҷми 153,1 милиард сомонӣ ҷалб гардиданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,2 маротиба зиёд мебошад. Дар баробари ин, дар ин давра 60 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматноки БМТ дар ҳаҷми 7,3 миллиард сомонӣ ва 6 музоядаи векселҳои давлатии хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 345,1 миллион сомонӣ бо муҳлати гардиши 91 рӯз ва бо меъёри фоизи даромаднокии миёнавазни 0,99  фоиз баргузор гардиданд.

Ҳамзамон ҷиҳати сари вақт бо асъори хориҷӣ қонеъ гардонидани талаботи ширкатҳои воридкунандаи молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввали мардум (орд, гандум, шакар, равған, сӯзишворӣ, доруворӣ, нуриҳои минералӣ ва ғайра) тибқи рӯйхати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, БМТ дар моҳҳои январ-июни соли 2020 аз ҳисоби захираҳои байналмилалӣ мудохилаи асъорӣ ба маблағи 104,3 миллион доллари амрикоӣ анҷом дод. Иқдоми мазкур то андозае ба коҳиши фишорҳои қурбӣ, муътадилии вазъи бозорҳои дохилӣ ва сатҳи  нархҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ мусоидат намуд.

Интизориҳо ва хавфҳо

Идома ёфтани паҳншавии пандемияи COVID-19 ва авҷ гирифтани мавҷи дуюми он аз эҳтимол дур нест. Новобаста аз ин, аз моҳи майи соли равон тамоюли нисбатан муътадили нархҳо ва қурби асъор дар бештари давлатҳо мушоҳида мегардад. Нархи нафти навъи брент (Brent) дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар биржаҳои ҷаҳонӣ раванди бо суръати коҳишёбӣ дошта, нисбат ба аввали сол 65,6 фоиз поён рафт. Тибқи маълумоти омори ҷаҳонӣ, аз моҳи майи соли ҷорӣ вобаста ба тадбирҳои андешидаи Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт (OPEC), беҳтар шудани маҷмӯи талаботи ҷаҳонӣ ва вазъи иқтисодиёти кишварҳо тамоюли болоравии нархи нафт мушоҳида гардида, 23 июли соли 2020 нархи навъи брент барои 1 баррел ба 44,3 доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба 31 марти соли ҷорӣ 94,8 фоиз афзоиш ёфтааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нархи нафт яке аз нишондиҳандаи муҳим барои иқтисодиёти Федератсияи Россия ба ҳисоб рафта, алоқамандии он бо рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ва қурби пули миллии он (рубли русӣ) зиёд аст ва инчунин болоравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ метавонад ба беҳтар гардидани вазъи иқтисодии ин кишвар мусоидат намояд.

Таъсири манфии пандемия ба қурби асъори аксари давлатҳо дар давоми семоҳаи якуми соли ҷорӣ низ назаррас буда, то 31 март нисбат ба доллари ИМА рубли Россия 28,7 фоиз, гривнаи Украина 18,5 фоиз, тенгеи Қазоқистон 17,5 фоиз, соми Қирғизистон 16,0 фоиз, лираи Туркия 10,4 фоиз, лари Гурҷистон 14,3 фоиз, рубли Беларус 23,8 фоиз ва рупияи Покистон 7,0 фоиз коҳиш ёфтанд. Аз семоҳаи дуюми соли ҷорӣ тамоюли болоравии қурби асъори  бештари кишварҳо, аз қабили юани Чин, рубли Россия, гривнаи Украина, тенгеи Қазоқистон, соми  Қирғизистон, драми  Арманистон, ларии  Гурҷистон, рубли Беларус, Евро ва Фунт-стерлинги Англия ба қайд гирифта  шуданд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ММД – и номиналӣ дар моҳҳои январ – июни соли равон  маблағи 32,4 миллард сомониро ташкил дода, рушди  воқеии он ба 3,5 фоиз баробар  шуд. Рушди иқтисодиёт асосан аз ҳисоби 9,2 фоиз афзоиш ёфтани истеҳсолот дар соҳаи саноат  ва 8,2 фоиз дар соҳаи кишоварзӣ ба амал омад. Бинобар  таъсири манфии пандемияи COVID-19 рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,0 банди фоизӣ паст мебошад, ки он асосан аз ҳисоби  коҳиши соҳаҳои хизматрасонии пулӣ 4,8 фоиз, сохтмон 4,6 фоиз ва гардиши савдои чакана 1,1фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Эҳтимоли идомаёбии паҳншавии пандемияи COVID-19 дар баробари дигар кишварҳои ҷаҳон ва минтақа таъсири манфии худро метавонад ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бинобар зиёд шудани таъсири омилҳои беруна, аз ҷумла маҳдуд гардидани равобити марзӣ ва коҳиш ёфтани муомилоти тиҷоратӣ, кам шудани ҳаҷми сармоягузориҳо, паст шудани сатҳи даромаднокии аҳолӣ ва маҷмӯи талаботи аҳолӣ расонад.

Мавқеи сиёсати пулию қарзӣ

Вобаста ба ҳолати пандемияи COVID-19 ва эҳтимоли сар задани мавҷи дуюми бемории мазкур, кам шудани талабот, суст шудани фаъолнокии иқтисодиёт ва дигар омилҳо аксари бонкҳои марказии давлатҳои хориҷӣ ҷиҳати дастгирии иқтисодиёт бо назардошти интизориҳои сатҳи пасти таваррум сиёсати ҳавасмандгардонии монетариро амалӣ намуда истодаанд, ки ин солҳои оянда боиси афзоиши маҷмӯи талабот ва барқарор шудани рушди иқтисодиёти ҷаҳон хоҳад гашт.

Дар робита ба ин, дар семоҳаҳои минбаъда эҳтимоли кам шудани хавфҳои таваррумӣ аз ҳисоби нисбатан зиёд шудани таклифот бинобар ҷамъоварии ҳосили соҳаи кишоварзӣ, нисбатан беҳтар шудани вазъи иқтисодиёти ҷаҳон, коҳиши маҷмӯи талабот бинобар камшавии вуруди интиқоли пулӣ, паст шудани суръати рушди иқтисодиёти мамлакат, маҳдуд намудани содироти баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, нисбатан муътадил гардидани суръати болоравии сатҳи нархҳо дар ду моҳҳи охир, паст будани интизориҳои таваррумӣ дар бештари давлатҳои шарикони асосии савдо ва коҳиш додани меъёри фоизӣ дар бонкҳои марказии ин кишварҳо, инчунин нисбатан муътадил гардидани вазъи бозори дохилии асъор вобаста ба камшавии воридот ва маҷмӯи талабот дар назар аст.

Бо дарназардошти омилҳои эҳтимолии болозикр ҷиҳати дастгирии иқтисодиёти ҷумҳурӣ дар шароити кунунӣ, аз ҷониби Кумита қарор қабул карда шуд, ки меъёри бозтамвил 1 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 10,75 фоизи солона аз 3 августи соли 2020 муқаррар карда шавад.

Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ татбиқи сиёсати пайгиронаи пулию қарзиро ҷиҳати ноил гардидан ба сатҳи муътадили нархҳо дар давраи миёнамуҳлат ва таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ идома хоҳад дод.

Июль 28, 2020 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар самти муқовимат ба коррупсия машғулияти муштараки Тоҷикистон ва Беларус гузаронида шуд
Дар Рашт оид ба роҳҳои пешгирии амалҳои қаллобӣ барои мутахассисони филиалҳои ташкилоти қарзии молиявӣ машварат доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 68-уми Конфронси умумии Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Вена иштирок намуд
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои гидроэнергетикӣ баррасӣ шуд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод имсол беш аз 36 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
Кишоварзони вилояти Хатлон имсол беш аз 295 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ менамоянд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1165 то 0.1150 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе ҷаласаи 19-уми Шурои роҳбарикунанда ва иқтисодии SPECA баргузор мешавад
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Дар минтақаи Бохтар Рӯзи саводнокии молиявӣ доир шуд
Таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо бонкҳои Салвадор, Покистон ва Шриланка баррасӣ шуд
Дар шаҳри Левакант дар шароити хона занбурӯғ парвариш карда мешавад
Дар Душанбе бо ҳайати сармоягузорони Амрико ва Британияи Кабир мулоқот доир шуд