Бонувони имконияташон маҳдуди Хуросон соҳиби мошинаҳои нави дӯзандагӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба коргоҳи хурди дӯзандагии деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон, ки дар он гурӯҳи бонувони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд зери сарпарастии филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” фаъолият менамоянд, ду мошинаи либосдӯзии барқӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХТД дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Дар коргоҳи навтаъсис барои даҳ бонуи маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шуда бошад ҳам, аз сабаби дар он мавҷуд набудани мошинаи дарздӯзӣ ҳамагӣ 6 нафар ба кор ҷалб гардида буданд. Бо илова шудани ду мошинаи дӯзандагии дигар шумораи коргарони ин коргоҳ ба ҳашт адад расид. Ҳоло имконияти фаъолият дар коргоҳи хурд нисбатан беҳтар мегардад.
Намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ – мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон Беҳрӯз Бобоев ва кор бо занон Қурбонгул Раҷабзода баробари супоридани туҳфа зикр намуданд, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ шароити будубоши шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд.
Дар ҷумҳурӣ аз соли 1989 то инҷониб Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон фаъолият дорад, ки ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад. Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст. Аз ҷумла, соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.
Бонувон ва маъмурияти ташкилоти болозикр барои ин амали наҷиб ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори сипос карданд. Тавре маълум гардид, дар ин коргоҳи хурди дӯзандагӣ имрӯзҳо занону бонувони дорои имконияти маҳдуд дар баробари дӯхтани либосҳои гуногун ҳамчунин тибқи талаботи ҷомеа ба дӯхтани ниқобҳо шурӯъ кардаанд.








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






