Бонувони имконияташон маҳдуди Хуросон соҳиби мошинаҳои нави дӯзандагӣ гардиданд

Июль 28, 2020 15:54

ДУШАНБЕ, 28.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба коргоҳи хурди дӯзандагии деҳаи Сарбанди ноҳияи Хуросон, ки дар он гурӯҳи бонувони имконияти ҷисмонияшон маҳдуд зери сарпарастии филиали Ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон” фаъолият менамоянд, ду мошинаи либосдӯзии барқӣ тақдим гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХТД дар вилояти Хатлон хабар доданд.

Дар коргоҳи навтаъсис барои даҳ бонуи маҳаллӣ ҷойи кор фароҳам оварда шуда бошад ҳам,  аз сабаби дар он мавҷуд  набудани мошинаи дарздӯзӣ ҳамагӣ   6  нафар ба кор ҷалб гардида буданд.     Бо илова шудани ду мошинаи дӯзандагии дигар шумораи коргарони ин коргоҳ ба ҳашт адад расид. Ҳоло  имконияти фаъолият дар коргоҳи хурд  нисбатан беҳтар мегардад.

Намояндагони кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ – мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонон Беҳрӯз Бобоев ва кор бо занон Қурбонгул Раҷабзода баробари супоридани туҳфа зикр намуданд, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ  шароити будубоши шахсони дорои имконияти маҳдуд хеле хуб буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дастгирӣ меёбанд.

Дар ҷумҳурӣ аз соли 1989 то инҷониб Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон  фаъолият дорад, ки  ҳадафи аслии он ҳимоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла, шахсони дорои имконияти маҳдуд яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.  Бо талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон пурра таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.  Аз ҷумла,  соли 2016 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» таҳия ва қабул гардид, ки мақсади асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои маъюбон, беҳтар намудани вазъи тандурустӣ ва солимгардонии онҳо мебошад.

Бонувон ва маъмурияти ташкилоти болозикр барои ин амали наҷиб ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон изҳори сипос карданд. Тавре маълум гардид, дар ин коргоҳи хурди дӯзандагӣ имрӯзҳо занону бонувони дорои имконияти маҳдуд дар баробари дӯхтани либосҳои гуногун ҳамчунин тибқи талаботи ҷомеа ба дӯхтани ниқобҳо шурӯъ кардаанд.

Июль 28, 2020 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии обуҳавошиносӣ: «Аз 8 то 11 феврал дар Тоҷикистон бориши барфу борон дар назар аст»
«МОДАР! ТУ БИҲИШТИ ҶОВИДОНӢ!». Таҳти ин унвон дар Суғд бахшида ба Рӯзи Модар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд
Дар Душанбе оид ба татбиқи Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон саммити чорум доир шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҷониби Хадамоти иҷро зиёда аз 44 ҳазор мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 109 хонаи аз офатҳои табиӣ зарардида барқарор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 барои нафақагирон маблағгузорӣ 48 фоиз зиёд гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон бо 26 маркази тадқиқотӣ созишномаи ҳамкорӣ дорад
«ЗАНОН-ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ». Дар вилояти Хатлон беш аз 19 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд
ҶОИЗАСУПОРИИ СОҲАИ КОР БО ҶАВОНОН ДАР СОЛИ 2024. Беш аз 150 нафар ҷавонон ҳавасманд гардонида шуданд
Ба Маркази саломатии шаҳрии №15-и шаҳри Душанбе таҷҳизоти рентгенӣ тақдим гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 аз рӯйи 50 касбу ҳунар 12 ҳазор нафар соҳиби касб гардид
Дар Душанбе маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 оғоз гардид