Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон: ёздаҳ бинои таълимӣ барои таҳсил омода мебошанд

Июль 30, 2020 15:46

 ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/.  То 1 июли соли 2020 дар ёздаҳ лоиҳаи мактабӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расида, биноҳои таълимӣ барои истифода омода мебошанд. Инчунин корҳои сохтмонӣ дар чор лоиҳаи бинои синфхонаҳои технологӣ низ ба анҷом расидаанд. Дар маҷмӯъ, аз 16 лоиҳаи мактабӣ як лоиҳа дар марҳилаи анҷомёбии корҳои сохтмонӣ қарор дорад. Ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Шералӣ Сиддиқзода иброз намуд.

Бино ба зикри номбурда, тибқи нақша, иқтидори лоиҳавии 12 бинои мактабӣ, дар маҷмўъ, дар як баст 2 ҳазору 544 ҷойи нишастро ташкил медиҳад.

Дар шашмоҳаи якуми соли 2020 амалисозии марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» бо маблағгузории Бонки Рушди Германия идома ёфта, татбиқи «CASA1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» ва «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ ба зиммаи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон гузошта шудааст. Маблағҳои грантӣ барои лоиҳаҳои давлатии сармоягузории номбурда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушди мамлакат ҷалб гардидаанд.

Ба зикри Шералӣ Сиддиқзода, дар заминаи ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия аз 1 июли соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон татбиқи марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» оғоз гардида, муҳлати татбиқи он то 31 декабри соли 2020 муқаррар шудааст.

Мақсади асосии марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» аз беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои фарогири барнома тавассути бунёди биноҳои нави мактабӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоту инфрасохтори мувофиқ, инчунин омўзиши ассосиатсияҳои волидону омўзгорон дар мактабҳои лоиҳавӣ иборат мебошад.

Марҳилаи чоруми Барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфрасохтори коммуналӣ» дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, аз ҷумла ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Кӯшониён, Вахш, Данғара, Балҷувон, Ховалинг, Восеъ, Муъминобод, Шамсиддин Шоҳин ва шаҳрҳои Кӯлобу Левакантро фаро мегирад.

«CASA1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» дар заминаи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ  аз 30 апрели соли 2020 оғоз шудааст. Қисми якуми ин лоиҳа аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази идоракунии лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» амалӣ  гардида, иҷрокунандаи қисмҳои дуюм, сеюму чоруми лоиҳаи мазкур Бунёди милии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон мебошад»,- гуфт, Шералӣ Сиддиқзода.

Мақсади «CASA1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» баланд бардоштани сифат ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои таъминоти неруи барқ, инфрасохтори иҷтимоию иқтисодӣ  ва мусоидат намудан ба таҳкими иқтидори худидоракунии маҳаллӣ  дар ҳудуди ҷамоатҳои фарогири лоиҳа мебошад. Барои амалисозии лоиҳаҳо субгрантҳо ҷудо карда мешаванд, ки аз ташаббусҳои худи аҳолӣ сарчашма мегиранд.

«CASA1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» 65 деҳаро дар ҳудуди 23 ҷамоати шаҳрҳои Турсунзода, Левакант ва ноҳияҳои Спитамен, Ҳисор, Шаҳринав, Рўдакӣ , Хуросон, Абдураҳмон Ҷомӣ, Вахш, Кўшониён, Ҷамолиддини Балхӣ ва Ҷайҳун, ки ба хати интиқоли барқи CASA1000 наздик мебошанд, фаро мегирад. Инчунин 50 маҳаллаи ҷамоатҳои наздисарҳадии Ворух ва Чоркуҳи шаҳри Исфара ба «CASA1000 Лоиҳаи дастгирии ҷомеа» шомил мебошанд.

Оид ба лоиҳаи дигари Бонки Умумиҷаҳонӣ зикр  карда шуд, ки мақсади «Лоиҳаи таҳкими устувории иҷтимоӣ-иқтисодӣ» — мусоидат кардан ҷиҳати иштироки фаъоли аҳолӣ дар худидоракунии маҳаллӣ, беҳтар намудани сифати инфрасохтори маҳаллӣ дар ҷамоатҳои мақсаднок, васеъ намудани доираи имкониятҳо ва сарчашмаҳои воситаҳо барои зиндагии ҷавонон мебошад. Ҷиҳати амалисозии ин мақсад субгрантҳо ҷудо мегарданд, ки ба ташаббусҳои аҳолии маҳал асос меёбанд.

Лоиҳаи мазкур дар ҳудуди ду вилояти кишвар — вилояти Хатлон (шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Панҷ, Фархор ва Ҳамадонӣ бо фарогирии 24 ҷамоат, 220 деҳа) ва Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (ноҳияҳои Ванҷ, Шуғнон ва Ишкошим бо фарогирии 20 ҷамоат, 167 деҳа) амалӣ мегардад.

Июль 30, 2020 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон 114,3 фоиз иҷро гардидааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҳамкорӣ ва рушди тиҷорати электронии Роҳи абрешим иштирок намуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо шаҳри Чонгчини Чин густариш медиҳад
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ оид ба танзими нархи молу маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ ҷаласаи Ситоди доимӣ доир шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ҳамоиши техникӣ баргузор гардид
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
Дар Шанхай масъалаи таъсиси кластери саноатии металлҳои ранга дар вилояти Суғд баррасӣ шуд
Ҳолатҳои ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтаанд
Байни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии вилоятҳои Суғд ва Ботканд густариш меёбад
Тоҷикистон ва Муғулистон ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият медиҳанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз ҳисоби андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 17 миллиард сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид гардид