Дар Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ якчанд ёдгории таърихӣ аз замони Сомониён дарёфт шуд

Июль 9, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ковишҳо дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деворҳо ва архитектураи сохтмонии даврони Сомониён, якчанд сафолнигораи бозмонда аз замони Сомониён, ҳамчунин шишапораҳое, ки дар ҳамон замон аз онҳо зарф омода мегардид, ёфт карда шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев иброз намуд, «дар гурӯҳе, ки  дар ковишҳои мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон  кор мебарад, доктори илмҳои таърих, профессор Хушбахт Абдуназаров, корманди хурди илмӣ Аслиддин Қараев, озмоишгар С. Сангалӣ шомил мебошанд».

Бино ба иттилои манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб додаанд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар фосилаи ду километр аз ҳамдигар дур ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номбар шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард, дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, наздикии деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти «Узун» ҷойгир шуда, масоҳаташ 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба қавли бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзиаш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.

Тазаккур бояд дод, ки бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон азм доранд, ки дар ояндаи наздик инчунин дар мавзеи таърихии Қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор ва мавзеи Корези ноҳияи Данғара низ ҳафриётҳои бостоншиносӣ анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ковишҳои тадқиқотиву бостоншиносие, ки аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 22 июни соли равон оғоз гардида буд, то 22 июл идома хоҳад кард.

Июль 9, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд
«Шоҳҷоиза»-и сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба филми «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» тақдим гардид
Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад