Дар Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ якчанд ёдгории таърихӣ аз замони Сомониён дарёфт шуд

Июль 9, 2020 11:45

ДУШАНБЕ, 09.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ковишҳо дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ деворҳо ва архитектураи сохтмонии даврони Сомониён, якчанд сафолнигораи бозмонда аз замони Сомониён, ҳамчунин шишапораҳое, ки дар ҳамон замон аз онҳо зарф омода мегардид, ёфт карда шуданд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Роҳбари гурӯҳ, номзади илмҳои таърих, мудири шуъбаи бостоншиносии пажӯҳишгоҳи  Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев иброз намуд, «дар гурӯҳе, ки  дар ковишҳои мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон  кор мебарад, доктори илмҳои таърих, профессор Хушбахт Абдуназаров, корманди хурди илмӣ Аслиддин Қараев, озмоишгар С. Сангалӣ шомил мебошанд».

Бино ба иттилои манбаъ, аввалин маротиба ин мавзеи таърихӣ соли 1875 кашф гардида буд. Дар харитае, ки ҳамон солҳо олимон тартиб додаанд, дар соҳилҳои дарёи Вахш ду нуқта дар фосилаи ду километр аз ҳамдигар дур ҷойгир буда, яке Лехма ва дигаре Лехмаи ҷанубӣ номбар шудаанд.

Бояд тазаккур дод, ки Қалъаи Лағмон дар масофаи 12 км аз ёдгории таърихии Ҳалевард, дар соҳилҳои шарқии дарёи Вахш, наздикии деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳоти «Узун» ҷойгир шуда, масоҳаташ 42,5 гектарро ташкил медиҳад.

Ба қавли бостоншиносон, шаҳрак аз чор дарвоза иборат буда, дарвозаҳо дар маркази деворҳои шимолӣ ва кунҷи ҷанубу шарқии шаҳрак мавҷуданд. Шаҳрак низоми муҳофизатии устувор дошт ва соҳаи кишоварзиаш хеле тараққикарда ба ҳисоб мерафт. Зеро аз натиҷаи тадқиқоте, ки то имрӯз ба даст омадааст, мавзеи таърихии Қалъаи Лағмон маркази минтақаи азими кишоварзӣ дар замони худ будааст.

Тазаккур бояд дод, ки бостоншиносони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон азм доранд, ки дар ояндаи наздик инчунин дар мавзеи таърихии Қалъаи Золи Зари ноҳияи Фархор ва мавзеи Корези ноҳияи Данғара низ ҳафриётҳои бостоншиносӣ анҷом диҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ковишҳои тадқиқотиву бостоншиносие, ки аз ҷониби шуъбаи бостоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзеи таърихии Қалъаи Лағмони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 22 июни соли равон оғоз гардида буд, то 22 июл идома хоҳад кард.

Июль 9, 2020 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши осори Ҷалолуддини Балхӣ дар ҳамгироии фарҳангии давлатҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
22 СЕНТЯБР-РӮЗИ РӮДАКӢ. Маликушшуаро бо осори гаронбаҳо, сухани равону шево ва дурдонаҳои нодири ашъораш ба адабиёти тоҷик асос гузошт
Дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҷиҳати таҳқиқ ва тармими созҳои миллии мусиқӣ озмоишгоҳи омӯзишӣ таъсис дода шуд
Камол Насрулло: «Одамушшуаро Абуабдулло Рӯдакӣ мазҳари ифтихор, худшиносӣ ва сарбаландии ҳар фарди бедордили тоҷик мебошад»
Озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» ва маҳфили шеъру суруди «Рӯдакихонӣ» ҷамъбаст гардид
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Устод Рӯдакӣ падидаи нодири забонӣ ва адабии рӯзгори Сомониён мебошад
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Бозтоби масъалаҳои рӯдакишиносӣ дар номаҳои устод Садриддин Айнӣ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Инкишофи он ба ҳайси ниҳоди иҷтимоӣ барои ҳар давлати ҷаҳони муосир хеле муҳим аст
БАХШИДА БА РӮЗИ РӮДАКӢ. Чанд сухан атрофи ишқи Ватан дар осори Одамушшуаро ва маҷрои бардавоми «Ҷӯи мӯлиён»
Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таъминоти меъёрию техникии лоиҳаҳои дар соҳаи фаъолияти кайҳонӣ амалишаванда баргузор шуд
«РӮДАКӢ, ЗАБОН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ конференсияи илмӣ баргузор мешавад