Дар Бохтар ғолибони Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофотҳо сарфароз гардиданд
ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «ХОВАР»/. Дар Бохтар ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян карда шуданд. Маросими супоридани ҷоизаҳо дар толори “Кохи Ватан” – и шаҳр баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Ғолибонро муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода табрик карда, зикр намуд, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. «Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба хондан, таҳкими фарҳанг, рушди тавонмандии эҷодӣ, тақвияти эҳсоси худшиносӣ ва ғанигардонии ҷаҳони маънавии аҳолӣ мебошад»,-иброз дошт ӯ.
Инчунин раиси ҳакамон Д. Зарифова ва аъзои ҳакамон Д. Маҳкамова, Ю. Баротов, У. Билолӣ, А. Раҷабов, А. Ташрифзода бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.
Ғолибон аз рӯи панҷ бахши озмун мукофотонида шуданд.
Ғолибони ҷойҳои аввал бо 1000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 800 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо 600 сомонӣ сарфароз гардиданд.
Ҳамаи иштирокчиён дар бахшҳои ашъори бачагона, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, инчунин адабиёт ва шеъри ҷаҳонӣ дониши хуб зоҳир намуданд.








Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад
«ДОИРАБАЗМ». Дар Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии созҳои зарбӣ баргузор мешавад






