Дар Бохтар ғолибони Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо мукофотҳо сарфароз гардиданд

Июль 23, 2020 14:44

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «ХОВАР»/. Дар Бохтар ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» муайян карда шуданд. Маросими супоридани ҷоизаҳо дар толори “Кохи Ватан” – и  шаҳр баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Ғолибонро муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода табрик карда, зикр намуд, ки озмун ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. «Ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани таваҷҷуҳ ба хондан, таҳкими фарҳанг, рушди тавонмандии  эҷодӣ, тақвияти эҳсоси худшиносӣ ва ғанигардонии ҷаҳони маънавии аҳолӣ мебошад»,-иброз дошт ӯ.

Инчунин раиси ҳакамон Д. Зарифова ва аъзои ҳакамон Д. Маҳкамова, Ю. Баротов, У. Билолӣ, А. Раҷабов, А. Ташрифзода бо изҳори қаноатмандӣ аз лаёқат ва дониши довталабон ба сатҳи ташкили озмун баҳои баланд доданд.

Ғолибон аз рӯи панҷ бахши озмун мукофотонида шуданд.

Ғолибони ҷойҳои аввал бо 1000 сомонӣ, ҷойҳои дуюм — 800 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм бо  600 сомонӣ сарфароз гардиданд.

Ҳамаи иштирокчиён дар бахшҳои ашъори бачагона, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик, инчунин адабиёт ва шеъри ҷаҳонӣ дониши хуб зоҳир намуданд.

Июль 23, 2020 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиши дастнависҳо, нусхаҳои чопи сангӣ ва хушнависиҳои ашъори Ҳофизи Шерозӣ баргузор шуд
Мехоҳед таътили тобистонаи фарзандатон босамар гузарад? Пас ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон биёяд
Дар шаҳри Норак 2 ёдгории бостонӣ кашф ва таҳқиқ карда шуд
Дар Истаравшан ғолибони даври шаҳрии озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ шуданд
Дар Душанбе дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалӣ «Тоҷи сомон» баргузор мегардад
Дар театри Муҳаммадҷон Қосимов намоишномаи «Ман Таҳминаам…» аз рӯи достони «Шоҳнома» пешниҳод мегардад
Бо ташаббуси Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ дар ноҳияи Ховалинг Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта шуд
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло: «Ҳақиқат ин аст, ки Пешвои миллат ваҳдатро бунёд гузошту таҳким доду қавӣ сохт»
Дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунандаи «Ваҳдати миллӣ» ташкил гардидааст
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТ». Дар Вазорати фарҳанг ҳамоиши илмӣ доир гардид
Таҳти унвони «Қисса ва ҳикояҳо» китоби Абдурофеъ Рабизода нашр гардид