Дар Душанбе директори АМИТ «Ховар» бо котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 08.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии «Ховар» директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо котиби дуюм — масъули масъалаҳои сиёсӣ ва иттилоотии Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе хонум Манита Кумари мулоқот намуд.
Дар оғози мулоқот С. Сиддиқ доир ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон, моҳияти сиёсати «дарҳои боз»-и Роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ВАО дар таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла имкониятҳои сомонаи АМИТ «Ховар» ва Радиои «ҒM-Ховар» ба сифати хабаргузории марказии иттилоотӣ дар инъикоси хабару гузоришҳои марбут ба Тоҷикистон ва Ҳиндустон, муаррифии имкониятҳои мавҷуда дар таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои иқтисодӣ, илмӣ-фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ғайра мухтасаран ибрози назар кард.

Дар навбати худ хонум Манита Кумари бо арзи сипос аз мулоқоти суратгирифта омодагии ҷониби сафорат ва дар маҷмӯъ, кишварашро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории фаъол дар самти иттилоърасонӣ ва муаррифии кишвараш ба мардуми Тоҷикистон баён дошт.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки ҷониби Ҳиндустон барои рушди ҳамкории дуҷониба дар ҳама самтҳо омода буда, баҳри ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас сафорат талоши худро ба таври васеъ ба роҳ мондааст.
Бино ба гуфтаи котиби дуюми Сафорати Ҳиндустон, масъулини кишвараш раисии Тоҷикистонро дар Созмони Ҳамкории Шанхай дар соли оянда ва баргузор шудани ҷаласаи навбатии ҷашнии сарони кишварҳои аъзоро дар Душанбе дар соли 2021 (СҲШ 20-сола мешавад) нишонаи эътимоди баланд ба мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин созмони бонуфуз медонанд ва умед доранд, ки Ҳиндустон намояндаи худро дар ин чорабинӣ дар сатҳи олӣ таъмин менамояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин изҳори умед карданд, ки барқарор гардидани робитаи дуҷониба байни АМИТ «Ховар» ва мақомоти марказии иттилоърасонии ҷониби Ҳиндустон метавонад дар инкишофи минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши муассир дошта бошад.








Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард
Дар Сеул Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»






