Дар Душанбе масъалаҳои муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Фаластин баррасӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 31.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл мулоқоти Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Луай Исо баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаиТоҷикистону Фаластин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла заминаи қарордодӣ ва ҳуқуқии ҳамкории ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Фаластин 6 марти 1992 барқарор шуданд.
Ду даври машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Фаластин (29 марти 2017 ва 23 — 24 апрели 2018)баргузор гардидаанд.
Айни ҳол дар баррасии ҷонибҳолоиҳаҳои 7санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун қарор доранд.
Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ зимни сафараш ба Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин (26 июли 2018) ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода (27 июли 2018 )мулоқот карда буд.
Ҷонибҳо масъалаҳои муносибатҳои сиёсӣ, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, ҳамкориҳо дар соҳаҳои энергетика, фарҳанг, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар чорабиниҳои байналмилалие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ҳайатҳои Фаластин дар сатҳи баланд иштирок менамоянд. Аз ҷумла, дар кори Панҷумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (Душанбе, 14-15 июни 2019) Вазири корҳои хориҷии Давлати Фаластин Риёз ал-Моликӣ иштирок намуд.
АКС аз ВКХ ҶТ








Дар Париж 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил шуд
Дар Ашқобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
Дастовардҳои 35 соли Истиқлолияти Тоҷикистон дар маҷаллаи «Оvo diplomatic»-и Эрон ба нашр расид
Дар Вашингтон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Токио 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Вена ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чорабинии расмӣ доир шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирски Русия чорабинии тантанавӣ доир шуд
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Умон дар соҳаи меҳнат баррасӣ шуданд
Аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Давлати Кувайт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад
Сафири Тоҷикистон ба Амири Кувайт эътимоднома супорид
Дар Москва бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид






