Дар Душанбе сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад
ДУШАНБЕ, 19.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони биноҳои нави Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ оғоз мешавад. Барои сохтмони ин ду бинои боҳашамат Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 1,5 миллиард юан баробар ба 220 миллион доллари ИМА кӯмаки бебозгашт ихтисос додааст. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Ҳамзамон Ҷамшед Аҳмадзода тазаккур дод, ки бунёди ҳарду бино камаш чаҳор сол тӯл мекашад. «Биноҳо бисёр калонанд. Масоҳати ҳар кадомашон аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ аст ва муҳлати сохтмонашон то се–чаҳор солро дар бар мегирад. Дар ҷараёни корҳо мо ба сифати онҳо аҳамияти зиёд хоҳем дод», — афзуд ӯ.
Ҷамшед Аҳмадзода изҳор дошт, ки мутахассисони ба Душанбе омада буданд, вале ба сабаби пандемияи коронавирус кор ба таъхир афтод. Бино ба гуфти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дар бунёди биноҳои фавқуззикр муҳандисони чинӣ ҷалб мешаванд, вале мутобиқи созишнома 80 дарсад коргарон шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.
Хабар дода шуд, ки бинои нави Маҷлиси Олӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар ҷойи бинои собиқи Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзии мамлакат қомат хоҳанд афрохт.
Баландии бинои нави Маҷлиси Олӣ 49,7 метр, баландии гунбази он 70 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 42 ҳазору 874 метри мураббаъро ташкил хоҳанд дод.
Бинои нави Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ дар майдони 10,27 гектар бунёд шуда, аз як бинои 15-ошёна барои дастгоҳи Ҳукумат ва ду бинои 13-ошёна барои идораҳои тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат хоҳад буд.

ДАР АКС: оғози расмии сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати мамлакат бо иштироки Президенти ҶТ Э. Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Л. Кетсян 13 октябри соли 2018
Хотиррасон мешавем, ки ду сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта буданд.
ДАР АКСИ БОЛО: Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷ. Аҳмадзода ба хабарнигорон дар бораи тарҳи биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати ҶТ маълумот медиҳад. Аксҳои Т. Саидзода /АМИТ «Ховар»










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






