Дар Душанбе сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз мешавад

Июль 19, 2020 10:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Сохтмони биноҳои нави Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе ба зудӣ оғоз мешавад. Барои сохтмони ин ду бинои боҳашамат Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳаҷми 1,5 миллиард юан баробар ба 220 миллион доллари ИМА  кӯмаки бебозгашт ихтисос додааст. Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Аҳмадзода рӯзи ҷумъа, 17-уми июл, зимни нишасти матбуотӣ дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Ҳамзамон Ҷамшед Аҳмадзода тазаккур дод, ки  бунёди  ҳарду бино  камаш чаҳор сол тӯл мекашад. «Биноҳо бисёр калонанд. Масоҳати ҳар кадомашон аз 42 то 44 ҳазор метри мураббаъ аст ва муҳлати сохтмонашон то се–чаҳор солро дар бар мегирад. Дар  ҷараёни корҳо мо ба сифати онҳо  аҳамияти зиёд хоҳем дод», — афзуд ӯ.

Тарҳи бинои нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тарҳи бинои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамшед Аҳмадзода изҳор дошт, ки мутахассисони ба Душанбе омада буданд, вале ба сабаби пандемияи коронавирус кор ба таъхир афтод.  Бино ба гуфти Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, дар  бунёди биноҳои фавқуззикр муҳандисони чинӣ ҷалб мешаванд, вале  мутобиқи созишнома 80 дарсад коргарон   шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳанд буд.

Хабар дода шуд, ки бинои нави Маҷлиси Олӣ дар хиёбони Рӯдакии пойтахт, дар ҷойи бинои собиқи  Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзии мамлакат   қомат хоҳанд афрохт.

Баландии бинои нави  Маҷлиси Олӣ 49,7 метр, баландии гунбази он 70 метрро ташкил дода, масоҳати умумии он 42 ҳазору 874 метри мураббаъро ташкил хоҳанд дод.

Бинои нави Ҳукумати мамлакат дар ҳудуди хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ дар майдони 10,27 гектар бунёд шуда, аз як бинои 15-ошёна барои дастгоҳи Ҳукумат ва ду бинои 13-ошёна барои идораҳои тобеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иборат хоҳад буд.

ДАР АКС: оғози расмии сохтмони биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати мамлакат бо иштироки Президенти ҶТ Э. Раҳмон ва Сарвазири Шӯрои давлатии ҶМЧ Л. Кетсян 13 октябри соли 2018

Хотиррасон мешавем, ки  ду сол пеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта буданд.

 

ДАР АКСИ БОЛО:  Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Ҷ. Аҳмадзода ба хабарнигорон дар  бораи тарҳи биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати ҶТ  маълумот медиҳад. Аксҳои Т. Саидзода /АМИТ «Ховар»

Июль 19, 2020 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар нишасти солонаи Шурои хизматрасониҳои молиявии исломӣ иштирок намуд
Байни Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд дар ҳаҷми 30 миллион доллари амрикоӣ созишномаи қарзӣ ба имзо расид
Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
Ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистон баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба «Mooр Стивенс» барои фаъолияти аудиторӣ иҷозатнома дод
Агентии авиатсияи гражданӣ барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» озмун эълон менамояд
Соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Дар Тоҷикистон Кодекси энергетикӣ таҳия ва қабул карда мешавад
Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
Дар Душанбе вобаста ба татбиқи Созишнома байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия конфронс баргузор гардид