Дар Душанбе «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» баррасӣ гардид

Июль 10, 2020 13:00

ДУШАНБЕ, 10.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа оид ба  иҷрои «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» баррасӣ гардид. Дар ин бора ба  АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар  доданд.

Дар  ҷаласа муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Абдулғафор Раҳмонзода зикр намуд, ки татбиқи «Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020», яке аз ҳуҷҷатҳои асосии стратегии давлатии мамлакат  маҳсуб шуда,   дар арафаи анҷомёбист.

Мақсади асосии Стратегия мусоидат ба афзоиши шуғл тавассути фаъолгардонии аҳолии синну соли қобили меҳнат, беҳтар кардани муҳити корӣ ва эҷоди бозори қобили тағйир, бехатар ва дастрас мебошад.

Ҳамчунин  зикр гардид, ки дар оғози соли равон вазорат ба анҷом расидани муҳлати татбиқи Стратегияро ба инобат гирифта, дар ду самт: гузаронидани арзёбӣ ва мониторинг ва дар ин асос таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалиро ба нақша гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки дар асоси розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли ҷорӣ оид ба таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷати консептуалӣ – стратегии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва фармоиши Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни  соли равон «Дар бораи Гурӯҳи кории байниидоравӣ» дар ду зина ба тасвиб расид.

Дар ҷамъбаст Абдулғафор Раҳмонзода  ба аъзои гурӯҳҳои корӣ барои сари вақт таҳия намудани ҳуҷҷати нави консептуалӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Июль 10, 2020 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд