Дар Хатлон 72 ҳазору 580 дона ширинии пастсифат ва 3787 дона бозичаҳои ғайристандартии чинӣ аз муомилот бароварда шуданд
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар 6 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 72 ҳазору 580 дона ширинии бесифати истеҳсоли Чин аз муомилот бароварда шудааст. Дар ин бора директори Маркази стандартизатсия, метрология ва сертификатсия дар вилояти Хатлон Исматулло Саъдуллоев зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тавре роҳбари марказ иброз намуд, дар муқоиса бо соли гузашта зиёда аз 15 347 дона ширинии пастсифат мусодира шудааст.Дар ҳамин ҳол фурӯши бозичаҳои кӯдаконаи пастсифат коҳиш ёфтааст. Зимни санҷишҳо 3787 адад бозичаи ғайрстандартии истеҳсоли Чин ошкор шудааст. Соли гузашта 7284 дона бозича мусодира шуда буд.Ба гуфтаи вай, дар давраи ҳисоботӣ мутахассисони Марказ дар нуқтаҳои савдо, хӯроки умумӣ, анборҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва бозорҳо 560 санҷиш гузарониданд.
Маҷмӯан, мутахассисони шуъбаи назорати савдо дар ин давра 495 соҳибкор ва шахсони мансабдори субъектҳои хоҷагидориро барои фурӯши молҳои бесифат, муҳлати истеъмолашон сипаришуда, фиреб додани истеъмолкунандагон, риоя накардани қоидаҳои савдо ва хӯроки умумӣ ба маблағи 123 540 сомонӣ ҷарима бастаанд.
АКС аз бойгонӣ








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






