Дар Хуҷанд бинобар гармии ҳаво як адад зарфи кислород таркид

Июль 24, 2020 09:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. 23 июл, тахминан соатҳои 12:30, дар назди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Ҳуҷанд, дар нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан таркиши як адад зарфи кислород ба амал омад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Нуқтаи фурӯши нӯшокиҳои ташнагишикан ба шаҳрванд Фируз Мирзоев, соли таваллудаш 1983, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, дар он бинобар гарм будани ҳаво як адад зарфи кислород таркидааст.  Дар натиҷа 2 нафар ба беморхона дастрас гардида, 8 нафари дигар баъди муоинаи тиббӣ ба хонаҳояшон ҷавоб дода шуданд.

Зимни ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

 

АКС аз манобеи боз

Июль 24, 2020 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид