Дар Китобхонаи миллӣ барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» толори махсус кушода шуд
ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон толори алоҳида ташкил карда шуд. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи Давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» иттилоъ дода шуд.
Зикр гардид, ки дар толори мазкур китобҳои тавсиявӣ аз рӯйи панҷ номинатсияи озмун (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, шоирӣ) барои иштироккунандагон бо гузоштани адабиёт дар гӯшаҳо таъсис дода шудааст. Ҳамчунин ҳомилҳои электронии адабиёти тавсиявии озмуни мазкур омода карда шуда, ба довталабон ройгон дастрас гардонида мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки яке аз мутасаддиёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои омода кардани ҷойи баргузории озмун дар даври чоруми он муваззаф гардидааст.
Ҳамзамон гурӯҳи махсуси таблиғотӣ таъсис ёфтааст, ки тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври доимӣ доир ба баргузории озмун суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.
Зимни ҷаласа директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зикр намуд, ки дар шашмоҳаи имсол 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз 186340 сомонӣ харида, барои истифодаи хонандагон пешниҳод намуд. Дар вохӯрӣ, ки бо иштироки сардорон ва масъулини шуъбаву марказҳои китобхона доир шуд, зикр гардид, ки дар ин давра ба китобхона 126 827 нафар хонандагон омада, тибқи дархосташон бештар аз 161 ҳазор нусха адабиёт пешниҳод карда шудааст.
Дар ин давра 8127 нафар хонандагон ба узвияти Китобхона пазируфта шуданд. Аз оғози фаъолият то имрӯз шумораи умумии аъзои китобхона 201 019 нафар хонандаро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба дархости унвонҷӯёну аспирантон ва магистрантону дигар кормандони соҳаи илм дар ин муддат 6822 нусха китоб барои хондан дар хона пешниҳод гардида, ҳамзамон маводи мазкур вобаста ба дархости хонандагон дар шакли электронӣ пешниҳод гардидаанд.
Дар ин давра 683 адад дархости китобхонаҳои вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ иҷро гардидааст.
Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид






