Дар Китобхонаи миллӣ барои баргузории Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» толори махсус кушода шуд

Июль 30, 2020 09:22

ДУШАНБЕ, 30.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон  толори алоҳида ташкил карда шуд. Дар ин бора зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти шашмоҳаи Муассисаи Давлатии  «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» иттилоъ дода шуд.

Зикр гардид, ки дар толори мазкур китобҳои тавсиявӣ аз рӯйи панҷ номинатсияи озмун (адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти бачагона, адабиёти ҷаҳон, шоирӣ) барои иштироккунандагон бо гузоштани адабиёт дар гӯшаҳо таъсис дода шудааст. Ҳамчунин ҳомилҳои электронии адабиёти тавсиявии озмуни мазкур омода карда шуда, ба довталабон ройгон дастрас гардонида мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки яке аз мутасаддиёни баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, барои омода кардани ҷойи баргузории озмун дар даври чоруми он муваззаф гардидааст.

Ҳамзамон гурӯҳи махсуси таблиғотӣ таъсис ёфтааст, ки тариқи воситаҳои ахбори омма ба таври доимӣ доир ба баргузории озмун суҳбату вохӯриҳо мегузаронад.

Зимни ҷаласа директори Китобхонаи миллӣ Ҷумахон Файзализода зикр намуд, ки дар шашмоҳаи имсол 17396 нусха китоб ворид шудааст, ки аз ин ҳисоб 13 404 нусхаашро Китобхона ба маблағи бештар аз  186340 сомонӣ харида,  барои истифодаи хонандагон пешниҳод намуд.  Дар вохӯрӣ, ки бо иштироки сардорон ва масъулини шуъбаву марказҳои китобхона доир шуд, зикр гардид, ки дар ин давра ба китобхона 126 827 нафар хонандагон омада, тибқи дархосташон бештар аз 161 ҳазор нусха адабиёт пешниҳод карда шудааст.

Дар ин давра 8127 нафар хонандагон ба узвияти Китобхона  пазируфта шуданд. Аз оғози фаъолият то имрӯз шумораи умумии аъзои китобхона 201 019 нафар хонандаро ташкил медиҳад. Мутобиқ ба дархости унвонҷӯёну аспирантон ва магистрантону дигар кормандони соҳаи илм дар ин муддат 6822 нусха китоб барои хондан дар хона пешниҳод гардида, ҳамзамон маводи мазкур вобаста ба дархости хонандагон дар шакли электронӣ пешниҳод гардидаанд.

Дар ин давра 683 адад дархости китобхонаҳои вилоятҳои Бадахшону Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ иҷро гардидааст.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2020 09:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзеи Сари Майни ноҳияи Айнӣ корҳои омӯзишии бостоншиносӣ ва антропологӣ оғоз ёфт
Санъаткорони Қирғизистон Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо карданд
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Ба Маркази мероси хаттӣ беш аз 100 нусха китобҳои чопи сангӣ ва дастнависҳо тақдим гардид
«ШОҲНОМА». Фирдавсӣ дар сар то сари ин асари безавол дӯст доштани Ватанро таъкид мекунад
Дар Бадахшон 70 нафар ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» роҳхат гирифтанд
Беш аз 23 ҳазор нусха китобҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фиристода шуд
«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
Собиқ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Тамара Абдушукурова аз олам даргузашт
Ҷаласаи вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
Имсол дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
ҲАРГИЗ НАМИРАД ОН КИ ДИЛАШ ЗИНДА ШУД БА ИШҚ. Девони Ҳофиз дар Тоҷикистон беш аз сад маротиба ба нашр расидааст