АКСИЯИ «НИҚОБ». Он давоми ду ҳафта дар маркази ноҳияи Ёвон доир гардид
ЁВОН, 26.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Давоми ду ҳафтаи охир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва иштироки кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ, гурӯҳи «Авангард», КИ ҲХДТ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтёрони ноҳияи Ёвон дар бозорҳо ва кӯчаҳои шаҳраки ноҳия бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аксияи муштараки «Ниқоб» доир карда шуд. Дар ин бора хабарнигори минтапқавии АМИТ «Ховар» Субҳонидин МАҲМУД иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории аксияҳо қариб 4000 дона ниқоб ва зиёда аз 1200 нусха варақаҳои иттилоотӣ ба сокинону меҳмонони ноҳия дастрас гардонида, оид ба риояи реҷаи ниқоб ва талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Тибқи иттилои мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 87 бригадаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, гирифторони ин бемориҳоро ба муоинаву табобат фаро мегиранд.
Баргузории аксияҳо ва корҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар ноҳия мунтазам идома дода мешаванд.








Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид






