АКСИЯИ «НИҚОБ». Он давоми ду ҳафта дар маркази ноҳияи Ёвон доир гардид

Июль 26, 2020 08:34

ЁВОН, 26.07.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Давоми ду ҳафтаи охир бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва иштироки кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ, гурӯҳи «Авангард», КИ ҲХДТ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим ва волонтёрони  ноҳияи Ёвон дар бозорҳо ва кӯчаҳои шаҳраки ноҳия  бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 аксияи муштараки «Ниқоб» доир карда шуд. Дар ин бора хабарнигори минтапқавии АМИТ «Ховар» Субҳонидин МАҲМУД иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни баргузории аксияҳо қариб 4000 дона ниқоб ва зиёда аз 1200 нусха варақаҳои иттилоотӣ ба сокинону меҳмонони ноҳия дастрас гардонида, оид ба риояи реҷаи ниқоб ва талаботи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Тибқи иттилои мутахассисони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон,  дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 87 бригадаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуда, гирифторони  ин бемориҳоро ба муоинаву табобат фаро мегиранд.

Баргузории аксияҳо ва корҳои профилактикӣ бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти нави COVID-19 дар ноҳия мунтазам идома дода мешаванд.

Июль 26, 2020 08:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд