Дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» ба фаъолият оғоз намуд
ДУШАНБЕ, 03.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии мамлакат дар ҷумҳурӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва соҳибкорон як зумра корхонаҳои саноатӣ бунёд мегарданд. Дар шаҳри Исфара корхонаи пойафзолдӯзии «Саманд» бо ҷалби сармояи хориҷӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, корхонаи мазкур бо маблағгузории фабрикаи пойафзолдӯзии шаҳри Магнитогорски Федератсияи Россия таъсис ёфтааст.
Роҳбари ҶДММ «Саманд Исфара» Фахриддин Сироҷов иброз намуд, ки аз ҷониби муассис ба миқдори 233,5 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ сурат гирифта, дар ояндаи наздик ҳаҷми он ба 500 ҳазор сомонӣ расонида мешавад.
Дар корхона 30 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Истеҳсоли корхонаи мазкур имкон медиҳад, ки беш аз 10 ҳазор ҷуфт намудҳои гуногуни пойафзол барои кӯдакон ва калонсолон истеҳсол гардад.
Бояд тазаккур дод, ки давоми нимсолаи аввали соли равон дар шаҳри Исфара боз ду коргоҳи хурди истеҳсолӣ: коргоҳи коркарди сангҳои ороишӣ «Аниси Исфара» ва коргоҳи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуданд.








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






