Дар шаҳри Турсунзода Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунӣ эълон намуданд

Июль 27, 2020 15:05

ТУРСУНЗОДА, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои муҳайё намудани шароити мусоид ҷиҳати сайру гашт ва фароғати сокинони шаҳри Турсунзода дар асоси қарори иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода  Парвиз Акрамзода дар бораи эълон намудани «Соли равшаннамоӣ ва чароғонкунии шаҳри Турсунзода ва деҳот» корҳои сохтмонӣ ва чароғонкунии маркази шаҳр оғоз гардиданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Турсунзода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Тибқи маълумоти сардори шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода Ҷаҳонгир Равшанзода, имрӯзҳо дар шафати роҳҳои нақлиётгард ва кӯчаву тангкӯчаҳои маркази шаҳр 124 адад чароғҳои муосир насб гардида, равшаннамоии шаҳр муташаккилона идома дорад. Дар маҷмӯъ, танҳо дар маркази шаҳр насби беш 900 чароғ ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи қарори мазкур, маъракаи чароғонкунӣ аз 1 июли соли 2020 то 1 июли соли 2021 идома ёфта, дар ин муддат дар қаламрави шаҳр сутунпояҳои фарсудашуда иваз гардида, дар тамоми кӯчаву деҳаҳо, атрофи корхонаву муассиса ва шафати роҳҳои нақлиётгард  чароғакҳои равшанидиҳанда  насб карда мешаванд.

Июль 27, 2020 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ боздид намуданд
Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд