Дар Тоҷикистон ба суғуртакунонии одамон аз коронавирус шурӯъ намуданд
ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон намуди нави суғуртакунонӣ аз коронавирус пайдо шуд. Бинобар ин дар қоидаҳои суғуртакунонӣ баъзе тағйирот ворид гардид. Дар ин хусус муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар ҷавоб ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» зимни нишасти матбуотӣ посух дод.
Ба гуфтаи вай, аллакай баъзе одамон худро аз коронавирус суғурта кардаанд, вале хушбахтона, то ҳол зарурати пардохти маблағи суғурта ба касе пеш наомадааст.
Зикр гардид, ки агар маблағи суғуртакунонӣ 100 сомонӣ бошад, дар сурати фавти шахси суғурташуда маблағи ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
«Пардохт танҳо дар ҳолате сурат мегирад, ки агар дар асноди тиббӣ сабаби фавт — «бар асари коронавирус» зикр шуда бошад, на илтиҳоби шуш ва ё бемории дигари монанд», — гуфта шуд дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.
Абдулло Абдуллоев инчунин зикр намуд, ки ҳарчанд пандемияи коронавирус ба фаъолияти идора таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 бо 301 689 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаҳо баста шуданд.








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






