Дар Тоҷикистон ба суғуртакунонии одамон аз коронавирус шурӯъ намуданд

Июль 20, 2020 14:28

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон намуди нави суғуртакунонӣ аз коронавирус пайдо шуд. Бинобар ин дар қоидаҳои суғуртакунонӣ баъзе тағйирот ворид гардид. Дар ин хусус муовини якуми директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» Абдулло Абдуллоев дар ҷавоб ба саволи мухбири АМИТ «Ховар» зимни нишасти матбуотӣ посух дод.

Ба гуфтаи вай, аллакай баъзе одамон худро аз коронавирус суғурта кардаанд, вале хушбахтона, то ҳол зарурати пардохти маблағи суғурта ба касе пеш наомадааст.

Зикр гардид, ки агар маблағи суғуртакунонӣ 100 сомонӣ бошад, дар сурати фавти шахси суғурташуда маблағи ҷубронпулӣ 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

«Пардохт танҳо дар ҳолате сурат мегирад, ки агар дар асноди тиббӣ сабаби фавт  — «бар асари коронавирус» зикр шуда бошад, на илтиҳоби шуш ва ё бемории дигари монанд», — гуфта шуд дар ҷараёни нишасти матбуотӣ.

Абдулло Абдуллоев инчунин зикр намуд, ки  ҳарчанд пандемияи коронавирус ба фаъолияти идора таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, дар шашмоҳаи аввали соли 2020 бо 301 689 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартномаҳо баста шуданд.

Июль 20, 2020 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд