Дар Тоҷикистон Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот» татбиқ мегардад

Июль 27, 2020 14:10

ДУШАНБЕ, 27.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон  зери сарпарастии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо Бонки ҷаҳонӣ Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ  ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот» -ро ба маблағи 58 миллион доллари ИМА (грант) татбиқ менамояд. Лоиҳаи мазкур ба беҳтар намудани вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳот нигаронида шуда, татбиқи он асосан дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон, аз ҷумла  Бохтар, Вахш, Ҷ. Балхӣ, Сарбанд, Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Восеъ дар назар дошта шудааст. Дар ин бора имрӯз директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар  намуд.

Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар хоҷагии деҳот» аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» дар доираи ташаббусҳои Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Даҳсолаи байналмилии амал «Об барои рушди устувор» эълон гардидани солҳои 2018-2028 амалӣ намуда истодааст.

«Таҳлилҳо нишон доданд, ки дар сурати пурра ба анҷом расидани лоиҳа аз 180 то 200 ҳазор аҳолии деҳот иловатан ба оби ошомиданӣ дастрасӣ пайдо мекунанд»,-иброз намуд номбурда.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки айни замон дар доираи ҳамкорӣ ва маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, бо мақсади барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ ва канализатсия дар шаҳру ноҳияҳо дар назди КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» 3 лоиҳаи инвеститсионии амалишаванда, аз  ҷумла лоиҳаҳои «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон, марҳилаи 2», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол-1» ва «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол -2» амалӣ шуда истодаанд.  Ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои мазкур ва амалӣ кардани нақшаи корию молиявии соли ҳисоботӣ дар ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои мазкур корҳои зерин: насби лӯлаҳои полиэтилении қутрашон аз 63 мм то 400 мм -18 380 метр, сохтмони 2 адад ҳавзҳои оби нӯшокӣ, сохтмони 2 адад пойгоҳи обкашӣ, сохтмони 3 адад иншооти безараргардонӣ, пармакунии 5 адад чоҳҳои амудӣ ва ғайра ба анҷом расонида шудаанд. Нақшаи молиявии шашмоҳаи якуми соли равон пурра иҷро гардида, татбиқи лоиҳаҳои мазкур идома дорад.

Зикр гардид, ки ҳадафи асосии КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- ин зиёд намудани ҳаҷми хизматрасонӣ ва дастрасии аҳолӣ ба оби ошомиданӣ мебошад. Роҳбарияти корхона саъю талош дорад, ки ба ҳамин ҳадаф муваффақ шавад.

 

Июль 27, 2020 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид