Дар Турсунзода 83 синфхонаи иловагӣ бунёд мегардад
ТУРСУНЗОДА, 28.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 179 иншоот, аз ҷумла сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн ва ҳаммомҳои замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иброз намуд.
Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаҳои норасоии ҷойи нишаст бунёди 83 синфхонаи иловагӣ, 2 толори варзишӣ ва Хонаи кӯдакони шаҳр идома дорад.
Ба маълумоти номбурда, дар шашмоҳаи якуми соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 419,1 миллион баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 7,9 миллион сомонӣ зиёдтар маҳсулот истеҳсол намудаанд.








Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






