Дар Турсунзода 83 синфхонаи иловагӣ бунёд мегардад

Июль 28, 2020 13:22

ТУРСУНЗОДА, 28.07.2020. /АМИТ «Ховар»/. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода сохтмони 367 иншооти дорои аҳамияти ҷамъиятиву ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 179 иншоот, аз ҷумла  сардхонаҳо, майдонҳои варзишӣ, марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, коргоҳҳои дӯзандагӣ, кошонаҳои ҳусн ва ҳаммомҳои замонавӣ  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.  Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Турсунзода  Парвиз Акрамзода иброз намуд.

Инчунин бо мақсади  фароҳам овардани шароити таҳсил ва ҳалли масъалаҳои  норасоии  ҷойи нишаст бунёди 83 синфхонаи иловагӣ, 2 толори варзишӣ ва Хонаи кӯдакони шаҳр идома дорад.

Ба маълумоти номбурда, дар шашмоҳаи якуми соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба 419,1 миллион  баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта корхонаҳои саноатии шаҳр  ба маблағи 7,9  миллион сомонӣ зиёдтар  маҳсулот истеҳсол намудаанд.

Июль 28, 2020 13:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ҲАВАСМАНДИИ ОМӮЗГОРОН. Давоми 18 сол 3394 нафар омӯзгорони ҷавон дар вилояти Хатлон соҳиби замин гардиданд
Доир ба ташаббусҳои Пешвои миллат дар шаҳри Хоруғ конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
137 акси аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте ба фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд
Дар ноҳияи Дарвоз оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
ТАҶРИБАИ НАВ ДАР ЗАФАРОБОД. Дар хоҷагии деҳқонии «Ҳоҷӣ Адҳамхон» 56 адад панели офтобӣ насб карда шудааст