ДАРАХТ БИНШОН! Чаро ҳар яки мо лоақал боре дар зиндагии худ бояд ба ин амал даст бизанем

Июль 20, 2020 14:21

ДУШАНБЕ, 20.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Чанд рӯз пеш  дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook шоираи соҳибзавқи тоҷик Адиба Хуҷандӣ чунин нигоштааст:

«Ман хушбахтам, ки дар маъракаи ниҳолшинонӣ дар Панҷакент ва Боғи миллии Хуҷанд ширкат доштам. Ҳеҷ аз ёдам намеравад. Чанд қадам онсӯтар аз мо, як гурӯҳ шоирон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шавқу ҳавас ва бо шодиву нишот бо раиси вилояти Суғд ва ҳамсафони худ ниҳол мешинониданд.

Ёдам ҳаст, ки дар Панҷакент (Пешвои миллат – тавзеҳи АМИТ «Ховар») арча шинонида буданд, дар Боғи миллӣ ниҳоли дарахти мевадор. Он замон замини холиву биёбони беоб буд, ҷое ки ҳозир Боғи миллии Хуҷанд сабзу хуррам аст. Ҳоло боғест, ки назираш кам аст.

Дар ҳақиқат ин шахси бузург Тоҷикистонро ба гулистон табдил доданд».

Мулоҳизаҳои директори АМИТ «Ховар», ки дар зер оварда мешаванд, дар идомаи ҳамин сатрҳои шоира ба вуҷуд омаданд.

 

Мардуми мо аз қадимулайём анъанаи хубе дошт: касе аз ҳаёт мегузашт, дарахтон ва боғҳои сабзондаи ӯ ба нишон мемонданд ва хешу ақрабо ин дарахтон ва боғҳоро бо номи ӯ ёд мекарданд.

Аз китобҳои дарсӣ дар бораи шоҳ Анӯшервони одил хондаем. Боре ӯ ба қаламрави кишвараш ба сафар мебарояд, то аз вазъи мамлакат ва аҳволи сокинони он огоҳ шавад. Дар пуштаи кӯҳе, ки аз нури офтоб равшан шуда буд, пирамардеро мебинад, ки ниҳол мешинонад. «Ту он ҷо чӣ кор мекунӣ?» — мепурсад шоҳ аз ӯ. «Ниҳоли чормағз мешинонам», — посух медиҳад марди солхӯрда. Шоҳ ба тааҷҷуб омада, мегӯяд: «Охир ту аллакай пир шудаӣ, ин ниҳоли кӯчак  вақте бору бар медиҳад, ки ту онро шояд намебинӣ. Заҳмати беҳуда мекашӣ». Пирамард ба шоҳ менигарад ва ҷавоб медиҳад: «Гузаштагони мо дарахт сабзонданд ва мо аз ҳосили он  фоида бурдем. Акнун мо ниҳол мешинонем, то ояндагон аз  самари он  баҳравар гарданд».

Ана ҳамин гуна мазмун ва фалсафаи бузург ниҳон аст дар амали ниҳол шинондану боғ бунёд кардан!

Ду сол пеш мо дар сомонаи худ бахши наверо бо номи «Дарахт биншон!» ифтитоҳ намудем. Ин як аксия ё маъракаи умумимилии доимист, ки чаҳоряк аср муқаддам Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ширкати бевосита ва ибрати шахсии худ ба тамоми мардуми Тоҷикистон эълон дошта буданд.

Дар тӯли ин солҳо Сарвари давлат ба сокинони кишварамон, ба пиру ҷавон, марду зан, ба ҳар кадоми мову шумо  ҳамеша талқин менамоянд:

— ҳар шаҳрванди Тоҷикистон бояд дар тӯли зиндагии худ се вазифаи пуршарафро ба ҷо биёрад: аввалан — биное бунёд ё ҷоеро обод кунад, сониян — ниҳол шинонад ва  боғ сабзонад, солисан — фарзандони солим ва ботаълиму тарбия ба камол расонад;

— ниҳоле, ки мо имрӯз мешинонем, фардо аз ҳосил ё лоақал сояи он дигарон баҳра хоҳанд бардошт;

— агар ҳар кас як ниҳол парвариш  кунад, Тоҷикистон ба боғу бӯстон ва сарзамини сабзу хуррам мубаддал мегардад;

— дарахтоне, ки мо месабзонем, на танҳо намуди зоҳирии  кишварамонро зебову пурҷило месозанд, балки ба рӯҳу ҷони аҳолӣ  сафову роҳат мебахшанд, асабро ором мекунанд, табъро хуш мегардонанд, хоки заминро аз вайрону ковокшавӣ (эрозия) бар асари боду борон эмин нигоҳ медоранд, қабати ҳосилхези заминро аз  беқувватшавӣ наҷот медиҳанд;

—  ниҳол шинондан ҳам мисли ҳар кори дигар қонуну қоидаи худро дорад ва барои сабзу боровар шудани  дарахти шинонидашуда бояд ин қонуну қоидаҳо риоя карда шаванд;

— дарахтон ҳам мавҷуди зиндаанд, таваҷҷуҳ ва нигоҳубину навозиши пайваста мехоҳанд.

Дар тӯли ин солҳо дар аввали ҳар фасли баҳор Пешвои миллат ҳамроҳи фарзандон ва тобеони  худ, ҳамроҳи мутахассисон, агрономҳо, боғбонҳо  ба ин ё он гӯшаи пойтахт, ба ин ё он минтақаи кишварамон ба ниҳолшинонӣ мебароянд ва бо иштироки бевоситаи худ ба ин маъракаи умумимиллӣ оғоз мебахшанд.

Магнолияи навъи Royal Burgundy

Дарахти сарвинози мағрибии навъи «Смарагд» (Smaragd)

Дарахти ҳамешасабзи секвойя (Sequoia)

Дарахти олуи навъи «Канзан» (Kanzan)

Дарахти ёси (сирени) ҳиндӣ

Дарахти сарв (кипарис)

Дарахти булут (дуб)

Дарахти чалғӯза (кедр)

Се сол пеш, азбаски ҳаво гарм омада буд, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай дар рӯзи дуюми моҳи январ дар Душанбе ба ин маърака шахсан ҳусни ифтитоҳ бахшида буданд. Дар натиҷа дар моҳҳои январу феврал дар маркази пойтахт садҳо  бех ниҳоли гуногун, ки асосан аз Аврупо оварда шуда буданд, аз ҷумла 38 бех шоҳбулут (каштан), 114 бех дарахти ҳамешасабз ва хушнакҳати магнолия (навъҳои Galaxy, Royal Burgundy), 133 бех дарахтони олуи навъҳои «Писсарди» (Pissardii), «Канзан» (Kanzan), 8 бех драхти сӯзанбарги «Сэквойя» (Sequoia), ки асосан дар Амрикои Лотинӣ мерӯяд, инчунин 74 бех сарвинози мағрибии навъи «Смарагд» (Smaragd) шинонда шуданд.

Ҳамон сол дар Рӯзи модар дар ҷараёни як ҳашари дигар, ки дар он Пешвои миллат ҳамроҳи фарзандонашон ширкат намуданд, ба сафи ниҳолони навқадкашидаи кӯчаю барзан  ва боғу бӯстони Тоҷикистон боз 430 бех  дарахтони нодир илова гардиданд.

Дар тӯли ин солҳо бо иштирок ва ё ҳидояту раҳнамоии Сарвари давлат дар саросари мамлакат даҳҳо ҳазор бех ниҳолу буттаҳои нави мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ (декоративӣ) шинонда шуданд,  ки дар байнашон садҳо бех ниҳоли дарахтони нодир, амсоли  дарахти ҳамешасабзи магнолия, сакура, шоҳбулут (каштан), сарв (кипарис), коҷ (ел), булут (дуб), чалғӯза (кедр), ардач (можжевельник)  ва ғайра низ ҳастанд, ки аз кишварҳои хориҷии дуру наздик амсоли Россия, Швейтсария, Франсия, Нидерландия, Ҳиндустон оварда шудаанд.

Шаҳри Душанбе

Барои мисол, бо дастури Пешвои миллат як худи соли гузашта дар хиёбони Ҳофизи Шерозии пойтахт Раиси шаҳри Душанбе мухтарам Рустами Эмомалӣ бевосита дар ҳашари ниҳолшинонӣ ширкат намуданд, ки зимни он дар майдони 18 ҳазору 836 метри мураббаъ 1363 бех ниҳоли дарахтони нодир, ба монанди ёси (сирени) ҳиндӣ, олуи баргаш сурхи навъи «писарди», фарк ё заранги сӯзанбарг (клён) шинонда шуданд.

Дарахт шинондан. Чӣ қадар амали содаю иҷрошаванда, вале дар айни замон бузург ва дорои аҳамияти умумимиллӣ ва ҳатто байналмилалӣ аст!

Шумо метавонед як масоҳати  начандон калонеро  дарахтзор ва сабзу хуррам гардонед ва бо ҳамин дар коҳиш додани ҳаҷми назарраси углерод ё гази карбон ва афзоши оксиген дар фазо, ки барои ҳаёти инсон бисёр зарур аст,  ҳиссаи муносиб гузоред!

Дар омади гап, бисёр дастовардҳои шоистаи таҳсини Тоҷикистон дар 29 соли Истиқлолияти давлатии мамлакат самараи амалҳои нек ва иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат маҳсуб меёбанд. Масалан, Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли солҳои охир дар бисёр раддабандиҳои (рейтингҳои) ҷаҳонӣ, аз ҷумла оид ба рушд (рейтинги Legatum Prosperity Index-2019-и маркази тадқиқотии «Legatum Institute»-и Британияи Кабир), оид ба амният (рейтинги Институти амрикоии Gullup дар соли 2019)  ва ғайра мақоми  баландро соҳиб шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯйхати ба ном Эмиссияи СО2 (меъёри ихроҷи газҳои парникии фазоро олуда ва гармкунанда ба ҳар сари  аҳолӣ), ки онро Созмони Милали Муттаҳид таҳия мекунад, дар байни 210 кишвари ҷаҳон ҷои 39-умро касб намуд. Яке аз омилҳои дастёбӣ ба ин натиҷа –  ҳамин маъракаи сабзу хуррам ва ба боғу бӯстони ҳақиқӣ табдил додани кишавари азизамон мебошад, ки бо ташаббус ва роҳбарии бевоситаи Сарвари давлдат ба роҳ андохта шудааст.

Ва, ниҳоят, дарахт шинондан ҳатто фармудаи дини мубини Ислом низ будааст. Дар яке аз аҳодис гуфта мешавад, ки Пайғамбар (с) фармудааст: агар мусалмон дарахт биншонад ва ё тухмие бикорад ва меваи онро парранда, одам ё ҳайвонот бихӯранд, — ин  ҳамчун садақа дар роҳи хайр баршумурда мешавад.

Манзурам из ин сатрҳо ин аст, ки бигӯям:

Дарахт шинонед! Гулу бута шинонед! Ва бо ин муҳити атрофатонро беҳтар, тозатар ва зеботар гардонед!

Билхоса вақте ки дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин дастоварди аз ҳама бузургу беназир дар таърихи халқи тоҷик моро интизор аст. Тавре Пешвои муаззами миллат борҳо таъкид намудаанд:

Моро мебояд бо дастовардҳои дурахшон, чеҳраҳои шукуфон ва  шаҳру деҳоти сарсабзу гулафшон ба истиқболи ин ҷашни бошукуҳ биравем!..

 

Саидалӣ СИДДИҚ

Июль 20, 2020 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд