ДАРАХТ БИНШОН! Даҳаи охири моҳи ноябр маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз мегардад

Ноябрь 16, 2026 08:48

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ аз даҳаи охири моҳи ноябр оғоз гардида,  ниҳолҳо баъд аз хазонрез шудани барги дарахтон шинонида мешаванд. Зеро баъд аз хазонрезӣ дарахтон дар оромиш қарор мегиранд ва ниҳолҳо дар ин ҳолат шинонида мешаванд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров иброз намуд, беҳтарин давра барои шинонидани дарахтони ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳанда охири моҳи ноябр ва моҳҳои декабру январ мебошад. Зеро дар ин муддат ҳолати оромиши ниҳол дар зери хок гузашта, барои сабзиши оянда хубтар мутобиқ мегардад.

«Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад. Қоидаҳои асосие, ки бояд ҳангоми шинонидани ниҳол риоя карда шаванд, интихоби дурусти навъҳои ниҳол, замин ва нуриҳои минералӣ мебошанд. Инчунин ҳар ниҳол ба минтақаи махсус хос аст, аз ин рӯ минтақаро низ хуб ба назар гирифтан зарур аст. Қоидаи асосӣ- ин кандани чуқурчаҳо барои ниҳол мебошад, ки чуқурӣ ва паҳноии он бояд ба на камтар аз 50-60 саниметр канда шавад. Дар ҳолати кандани чуқурӣ бояд хокро ба се қисм ҷудо намуд-болоӣ, миёна ва охирин ва баъди ниҳолро гузоштан баръакси онро иҷро мекунем. Яъне, аввал хоки қисми боло, сипас хоки миёна ва дар охир хоки қисми поёнро мегузорем. Инчунин ба хоки қисмати боло бояд 50-60 грам нуриҳои минералӣ ҳамроҳ намоем, ки барои инкишофи ниҳол муфид мебошад»,-гуфт Ҳикматулло Назиров.

Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки барои нашъунамои хуби ниҳол ба он поруҳои маҳаллӣ ва нуриҳои минералӣ ҳамроҳ бояд кард. Яке аз роҳҳои дигари ҳосили хуб гирифтан ин аст, ки моҳҳои декабр ва январ бояд ба боғ яхоб монда шавад. Зеро ин амал, бино ба ақидаи коршиносон, ниҳолро карахт нигоҳ медорад ва аз сардиҳои аввали баҳор муҳофизат мекунад. Инчунин ба нарм намудани зери ҳар бех ниҳол бояд аҳамият дода шавад, то ки ҳангоми иҷрои ин амал ба решаҳои он зарар нарасад.

Ёдовар мешавем, ки дар мамлакат «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» амалӣ мегардад. Барнома бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳия гардида, ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Таҳияи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» иқдоми муҳими мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 16, 2026 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳикматулло Назиров: «Ниҳолшинонӣ бояд аз рӯи қоидаҳои боғдорӣ амалӣ гардад»
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар пойтахт боғи нави фарҳангӣ-фароғатӣ бунёд карда мешавад
Ба дарахтони ҳамешасабзи шафати роҳи байналмилалии Бохтар, Хуросон ва Душанбе об доданд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Тоҷикистон дар 78 гектар плантатсияҳои павловния бунёд гардидаанд
Дар остонаи ҷаласаи 45-уми Шурои Фонди иқлими сабз дар Душанбе ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ бунёди 5 гектар боғи павловния ба нақша гирифта шудааст
Дар ниҳолхонаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Турсунзода беш аз 12 ҳазор бех ниҳоли гуногун парвариш меёбад
Дар Тоҷикистон 556,5 гектар боғҳои нав бунёд карда шуданд
Дар Тоҷикистон то соли 2040 беш аз 2 миллиард дарахт шинонида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Тоҷикистон дар доираи Барномаи давлатии сабзкорӣ то соли 2040 беш аз 1 миллиард бех дарахт шинонида мешавад»